«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид

Сентябрь 4, 2026 13:39

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳо таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон» ба нашр расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ хабар медиҳад, дар маҷмуа мақолаҳои олимон ва муҳаққиқон доир ба масъалаҳои муҳими таърихи давлатдории миллӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ гирд оварда шудаанд.

Дар китоб таъкид шудааст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷик ба шумор меравад. Давоми 35 соли истиқлол ҷумҳурии мо марҳалаи пурпечутоб, вале пурифтихори давлатсозӣ, барқарор намудани сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодиро сипарӣ намуд. Дар ин раванд нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва таърихӣ мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо гардида, ба роҳи сулҳу созандагӣ ва пешрафт қадам гузошт. Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, заминаҳои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фароҳам оварда шуданд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии миллӣ, бунёди инфрасохтори муосир, таҳкими амнияти миллӣ, болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони истиқлол мебошанд.

Маводи маҷмуа барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва доираи васеи хонандагон, ки ба омӯзиши таърихи навини Тоҷикистон ва масъалаҳои давлатсозии миллӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

Ба нашр расидани чунин маҷмуаи илмӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими омӯзиш ва тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ саҳми муҳим хоҳад гузошт.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2026 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид