ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид

Сентябрь 2, 2026 11:12

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо сиёсати дурбинона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа таҳким ёфта, барои рушди истеъдод ва фаъолияти занону духтарон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат қабул шудани барномаҳои давлатӣ, хусусан таъсиси грантҳои президентӣ сабаб гардид, ки ҳазорон нафар занони тоҷик дар соҳаҳои гуногун фаъолияти пурсамар намоянд, ҳунарашонро рушд диҳанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

— Яке аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2006 Ҳукумати мамлакат қарор қабул намуд, ки тибқи он 20 гранти президентӣ – 10 грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва 10 грант ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ барои солҳои 2006-2010 барои занону духтарон ҷудо гардид. Ин иқдом дар он давра дастгирии муҳим ба ҳисоб мерафт, зеро имконоти молиявии занон маҳдуд буданд.

Аз соли 2011 то 2013 ҳамасола бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ 1 миллион сомонӣ барои 40 лоиҳаи мақсаднок ҷудо карда мешуд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 миллион сомонӣ ба 2 миллион сомонӣ расонида шуд. Аз соли 2016 то соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ ба 480 нафар зан маблағҳои бебозгашт дар ҳаҷми 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бо мақсади таъмин намудани занон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ҷудо гардиданд.

Дар ин давра беш аз 6200 нафар занони хонанишин бо ҷойи нави кор таъмин ва ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Бо ташаббусу ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии минбаъдаи соҳибкории занон соли 2024 маблағҳои грантӣ аз 2,5 миллион сомонӣ ба 5 миллион сомонӣ расонида шуданд. Ин иқдом на фақат ба баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо, балки ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занону духтарон ва таъмини онҳо бо ҷойи кори доимию мавсимӣ мусоидат менамояд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2006 то соли 2025 45 миллону 460 ҳазор маблағи грант ба 1 ҳазору 395 нафар занон ҷудо гардида, 6 ҳазору 833 ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст.

Барои ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкорию ҳунармандии занон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 адад ва 15 миллион сомонӣ расонида шуданд. Яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки грантҳои президентӣ дар мамлакат дар рушди соҳибкории занон ва таъмини ҷойи нави кор барои занону духтарон нақши муҳим доранд.

Бояд гуфт, ки тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ теъдоди занони соҳибкор дар сатҳи ҷумҳурӣ ба 108 ҳазору 707 нафар расидааст. Дар даҳ соли охир, яъне солҳои 2015–2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилоти қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.

Фароҳам овардани шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ҷойи нави кор, рушди хоҷагиҳои ёрирасон ва ҷалби занон ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо мусоидат менамояд.

Тадбирҳои андешида нишон медиҳанд, ки сиёсати дастгирии занон дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила беҳтар гардида, ҳадафи асосии он фароҳам овардани имконияти воқеӣ барои рушди қобилият, таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии занону духтарон мебошад.

Дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ ва рақамикунонии босуръати ҷомеа барои занон имконоти нави фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд омадаанд. Соҳибкории рақамӣ, тиҷорати электронӣ, хизматрасониҳои онлайн ва омӯзиши касбҳои муосир метавонанд дар оянда ба самтҳои нави рушди фаъолияти занон табдил ёбанд.

Бо идомаи ин раванд ва татбиқи барномаҳои давлатӣ имконияти занону духтарон барои соҳиб шудан ба касбу ҳунар, таъсиси корхонаҳои хурд, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва иштирок дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат боз ҳам бештар хоҳад гардид.

Дар ин замина бояд гуфт, ки дар 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон ба яке аз неруҳои фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфта, саҳми онҳо дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат сол ба сол меафзояд. Дастгирии пайвастаи давлатӣ барои занону духтарон замина фароҳам овардааст, ки қобилияту истеъдодашонро амалӣ намуда, дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2026 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад