Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 16, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат  хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа  гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 16, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт