Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад

Сентябрь 2, 2026 10:43

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2026 навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров (аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ) ба масофаи 5,2 км ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони роҳ ва кӯпрукҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хати алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин роҳ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Дар он аввалин маротиба барои ҳаракати дучарха роҳи алоҳида ҷудо мегардад, ки аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо аст. Роҳи алоҳидаи дучархаронӣ танҳо барои истифодаи дучархаронҳо ҷудо мегардад, ки аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо мебошад. Паҳноии роҳи алоҳидаи дучархаронӣ ҳадди ақалл 1,5 метр дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 13 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузошта буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахссисонро ба иҷрои босифати корҳо ҷалб намуда, супориш доданд, ки роҳ дар муҳлати 2,5 сол мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Бояд таъкид намуд, ки бо сифати баланд бунёд намудани роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

Навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо сохти меъморӣ, имконияти васеи хизматрасонӣ ва зебоӣ дар Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ барои иҷрои супориши Сарвари давлат барои ба шаҳри пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ мешавад. Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2026 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд