Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии илмию назарӣ дар мавзуи «Рӯдакӣ–эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ гурӯҳе аз олимону муҳаққиқони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва иштирокчиёни конфронс аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба осорхона иттилоъ медиҳад.
Ҳайати олимону муҳаққиқон зимни боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори хаттӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд.
Ба иштирокчиёни конфронс оид ба таърихи ташаккули давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷикон, тамаддунҳои бостонии сарзамини Тоҷикистон, инчунин нақши мероси илмию адабии даврони Сомониён дар рушди фарҳанги миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Меҳмонон махсусан ба маводи марбут ба давраи Сомониён ва мероси фарҳангии замони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз арзиши илмӣ ва таърихии нигораҳои Осорхонаи миллӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамзамон меҳмонон намоиши нави Осорхонаи миллиро таҳти унвони «Модарнома» тамошо намуданд. Ба онҳо оид ба таърихи офариниши шоҳкорҳои нодири устоди барҷастаи санъати тасвирии тоҷик Сабзаалии Шариф маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Боздиди олимону муҳаққиқон аз Осорхонаи миллӣ дар доираи ҳамоиши байналмилалии илмӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангию илмӣ, муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон ва таҳкими ҳамкории илмӣ байни муассисаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон аҳаммияти муҳим дорад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






