«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлол – ганҷи миллат, бақои давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб хабар доданд.
Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик ҳамчун арзиши муқаддасу сарнавиштсоз заминаи устувори бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овардааст. Дар ин раванд Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи сиёсӣ дар татбиқи ҳадафҳои созанда ва пешбурди масъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши назаррас дорад.
Ҳамчунин изҳор шуд, ки таҳкими пояҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини мамлакат, балки василаи таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва масъулияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар назди Ватан мебошад.
Дар фарҷоми ҳамоиш як зумра фаъолони ҳизб барои саҳми арзанда дар баланд бардоштани нуфузу мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа ва фаъолияти пурсамар дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






