ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2026 08:28

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо халқи тоҷик дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Таҷлили бошукуҳи ҳамасолаи ҷашни истиқлолият далели эҳтироми баланди сокинони мамлакат ба ин ҷашни бузурги муқаддас дар ҳаёти ҷамъиятии давлатамон аст. Зеро маҳз бо шарофати ҳамин рӯйдоди муҳимми таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии худ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони муосир гаштанро ба даст овард.

Дар робита ба ин тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.

— Яке аз музаффарияти бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Аслан, истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар мавриди пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд.

***

Мо халқе дорем, ки истиқлолияту озодиро нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номус ва далеру ғаюри худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва ҳиммату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо равона месозад.

***

Дар чоряк асри истиқлолият татбиқи чандин лоиҳаҳои дорои аҳамияти миллӣ, бахусус дар самти энергетика, нақлиёт, сохтмон ва дигар самтҳо оғоз гардида, фазои сармоягузории мамлакатро ба куллӣ дигаргун намуд.

***

Истиқлолият дар таърихи илму маорифи тоҷик, бешубҳа, гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушд мебошад.

***

Зиёиёну донишмандон бояд хуб донанд, ки давоми таърих, пеш аз ҳама, аҳли донишу зиё дар орзу ва талоши истиқлолият будаанд.

***

Мо дар замони истиқлол ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал русиву англисӣ дар ҳама зинаҳои таҳсил эътибори ҷиддӣ додем ва бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар ин самт ба пешравиҳои бесобиқа ноил гардидем.

***

Академияи илмҳоро, ки ниҳоди асосии пешбарандаи илми ватанӣ мебошад, дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо ҳифз кардем, балки ба он мақоми баланди миллиро сазовор донистем.

***

…Ман дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ рушди илму маорифро ҳамчун самти муҳимтарин ва аввалиндараҷаи сиёсати давлат дастгирӣ менамоям.

***

Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.

***

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

***

…Агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи мамлакати тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд.

***

Қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд.

***

Баъди ба даст овардани неъмати бузурги истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои милливу фарҳангии мардуми куҳанбунёдамон оғоз кардем.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2026 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд