ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2026 08:28

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол 35 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар давлати  соҳибистиқлол умр ба сар бурда,  бо шарофати ин неъмати бебаҳо дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ва обод намудани Ватан  ба дастовардҳои беназир ноил гардидаанд. Ба ин муносибат суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандӯстӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

***

Истиқлолияти давлатӣ инчунин ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

***

Бо шарофати истиқлолият мо, инчунин дар роҳи таҷдиди назар кардани таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузоштем.

***

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳои аҷдодии мо – Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, аз нав зинда гардид ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.

***

Ба туфайли истиқлолияти давлатӣ мо пояҳои фарҳанги миллиамонро низ устувор намудем ва беҳтарин арзишҳои фарҳангиро аз нав барқарор кардем.

***

Мо забон ва фарҳангро ҳастии миллат эълон карда, давоми чоряк аср ба рушди суннатҳои фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудем.

***

Иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар Тоҷикистони азизи мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик ба амал омадаанд.

***

Мову шумо бояд бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу давлати худ, дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлоли ҷавобгӯ ба ҳама ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, инчунин хизмати содиқонаву беғаразона ба манфиати халқу Ватанамон тамоми маҳорату малакаи худро равона карда, ба иҷрои кору вазифаи худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибат намоем!

***

Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватанпарастиву ватандӯстии мо мебошад

***

Бигзор парчами пурҷилову нурафшони истиқлолият замири хурду бузурги Ватанро то абад мунаввар гардонад ва муҳаббати Тоҷикистони маҳбубамонро дар қалби ҳар фарди бонангу номус ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорад!

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2026 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст