ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Дар робита ба ин ҷашни бузурги миллӣ тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.
— Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва бо шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.
***
Яке аз музаффарияти бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Аслан, истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар мавриди пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ҳифзу таҳкими истиқлолият барои такомули ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон ҳамчун замина хизмат менамояд.
***
Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
***
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навин бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.
***
Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо — шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басе пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми ҷумҳурӣ ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт.
***
Мо — тамоми аҳли ҷомеаи мамлакат бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем.
***
Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандӯстӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар оилаи давлат мебошад.
***
Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи саросарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.
***
Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.
***
Бигзор, истиқлолу озодӣ дар дили ҳар фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳру муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва сарҷамъиву иттиҳодро доим фурӯзон нигоҳ дорад!
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ
АМИТ «Ховар»








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд






