ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид

Сентябрь 5, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 августи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба омӯзиши технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла зарурати дар сатҳи баланд азхуд намудани истифодаи технологияҳои замонавӣ ва зеҳни сунъиро таъкид карданд. Ҳамзамон ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки масъалаҳои ташаккули фарҳанги истифодаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, пешниҳодҳои дахлдор манзур намоянд.

— Муҳимияти мавзуъ боз аз он иборат аст, ки 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки аз соли 2027 сар карда, 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ, масъалаи асосӣ имрӯз на он аст, ки «оё зеҳни сунъиро дар донишгоҳ истифода бурдан зарур аст ё не», балки он аст, ки чӣ гуна онро дуруст, бехатар, ҳифзшуда, боэътимод ва ба манфиати рушди инсон истифода бурдан мумкин аст.

Дар чунин шароит истифодаи зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳо бояд аз мавқеи муносибати одии технологӣ берун рафта, ҳамчун қисми сиёсати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори илмӣ, такмили фаъолияти омӯзгорӣ ва ташаккули малакаҳои рақамии донишҷӯён арзёбӣ гардад. Зеҳни сунъӣ худ аз худ сифати таълимро таъмин намекунад. Самаранокии он аз мақсади истифода, сифати маълумоти воридшаванда, салоҳияти истифодабаранда, сатҳи назорати инсонӣ ва мавҷудияти қоидаҳои равшани академӣ вобаста мебошад.

Бо назардошти ин, таъсиси низоми зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани сифати таълим ва дастгирии академӣ маҳз чунин муносибатро бояд пешбинӣ намояд. Дар  муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд низоми интеллектуалии рақамие таъсис дода шавад, ки  фаъолияти таълимӣ, омодагии методии омӯзгорон, таҳлили маводи таълимӣ ва ёрии академӣ ба донишҷӯёнро дастгирӣ намояд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи нави рушди таҳсилоти олӣ

 Дар шароити муосир зеҳни сунъӣ метавонад ба сифати воситаи ёрирасони таълимӣ, илмӣ ва академӣ истифода шавад. Аммо, бояд таъкид кард, ки мақсади истифодаи он дар донишгоҳ набояд танҳо автоматикунонии омодасозии матн ё ҷавоб додан ба саволҳо бошад. Вазифаи асосӣ бояд баланд бардоштани имконияти инсонӣ, рушди тафаккури илмӣ ва ташаккули муҳити муосири донишмеҳвар бошад.

Низоми зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳои кишвар ба назари мо бояд се самти асосиро муттаҳид намояд: таҳлили барномаи таълимӣ, дастгирии рушди касбии омӯзгор ва ёрии академӣ ба донишҷӯён. Ин сохтор метавонад ҳамчун модели ибтидоии рақамикунонии равандҳои академӣ дар донишгоҳҳои кишвар истифода шавад.

Зеҳни сунъӣ метавонад пеш аз оғози семестр силлабус, нақшаи мавзуӣ, матни лексияҳо, рӯйхати адабиёт, рӯнамоҳо, саволҳои санҷишӣ ва дигар маводи таълимиро таҳлил намояд. Дар натиҷа сохтори мантиқии фан, мавзуъҳои асосӣ, мафҳумҳои калидӣ ва натиҷаҳои интизории таълим муайян карда мешаванд.

Ин имконият махсусан барои омӯзгороне муҳим мебошад, ки ҳамзамон бо фаъолияти педагогӣ ба корҳои илмӣ, методӣ ва ташкилии донишгоҳ машғуланд. Зеҳни сунъӣ метавонад қисми муайяни корҳои такрорӣ ва таҳлилии омӯзгорро осон намуда, ба ӯ имконият диҳад, ки вақти бештарро ба таҳияи усулҳои нави таълим, машғулияти амалӣ, муҳокимаи илмӣ ва кор бо донишҷӯён равона созад.

 Истифодаи зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани фаъолияти академии омӯзгор

 Сифати таҳсилоти олӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи касбӣ ва методии омӯзгор вобаста мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи зеҳни сунъӣ бояд ба рушди омӯзгор равона карда шавад, на ба кам кардани нақши ӯ.

Низоми зеҳни сунъӣ метавонад ба омӯзгор дар таҳияи нақшаи дарс, омода намудани мисолҳои амалӣ, сохтани саволҳои муҳокимавӣ, таҳияи машқҳо, гурӯҳбандии мавзуъҳо ва муайян намудани масъалаҳои мураккаби фан мусоидат кунад. Дар асоси таҳлили фаъолияти донишҷӯён низом метавонад нишон диҳад, ки кадом мавзуъҳо барои онҳо мушкилтар мебошанд, кадом мафҳумҳо шарҳи иловагӣ талаб мекунанд ва кадом саволҳо бештар пешниҳод мешаванд.

Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ метавонад ба воситаи рушди касбии омӯзгор табдил ёбад. Аммо, қарорҳои марбут ба мазмуни ниҳоии дарс, арзёбии дониш, таъйин ва тақсимоти дарсҳо ва дигар масъалаҳои академию маъмурӣ бояд аз ҷониби инсон қабул карда шаванд.

Дастгирии академии донишҷӯён тавассути зеҳни сунъӣ.

 Самти дигари муҳими истифодаи зеҳни сунъӣ барои дастгирии донишҷӯ мебошад. Донишҷӯ метавонад берун аз вақти дарс ба низоми рақамӣ муроҷиат намуда, оид ба мавзуи муайян савол пешниҳод кунад ва ҷавоби мувофиқ ба маводи таълимии тасдиқшудаи фанро гирад. Дар низоми зеҳни сунъӣ дар донишгоҳҳо бояд  барои донишҷӯ чунин имконот пешбинӣ шаванд: пешниҳоди хулосаи кӯтоҳи мавзуъ, шарҳи мафҳумҳо бо забони сода, тавзеҳи истилоҳоти тахассусӣ, овардани мисолҳои амалӣ, таҳияи саволҳои санҷишӣ ва машқҳои мустақилона, сохтани нақшаи омодагӣ ба семинар ё имтиҳон ва ҷавоб ба саволҳо дар доираи маводи тасдиқшудаи фан.

Дар низоми мазкур донишҷӯ танҳо дар доираи вақти дарсӣ ба омӯзгор вобаста намемонад, балки барои такрор, фаҳмиши мавзуъ, машқи мустақилона ва омодагӣ ба дарс имконияти иловагӣ пайдо мекунад. Аммо, чунин низом набояд барои донишҷӯ ҷавоби тайёрро ҳамчун натиҷаи ниҳоии фаъолияти академӣ пешниҳод намояд. Вазифаи он бояд, пеш аз ҳама, фаҳмондан, роҳнамоӣ кардан, савол гузоштан ва рушди қобилияти мустақилонаи фикрронӣ бошад.

Манбаи донишгоҳӣ ҳамчун шарти эътимоднокии зеҳни сунъӣ 

 Яке аз масъалаҳои муҳимтарини истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳсилоти олӣ эътимоднокии иттилоот мебошад. Низомҳои умумии зеҳни сунъӣ метавонанд маълумоти нодуруст, нопурра ё манбаъҳои тасдиқнашударо пешниҳод намоянд. Аз ин рӯ, барои донишгоҳҳои Тоҷикистон истифодаи манбаи дохилии донишгоҳӣ аҳаммияти махсус дорад. Низом бояд, пеш аз ҳама, ба силлабусҳо, китобҳои дарсӣ, маводи лексионӣ ва дигар манбаъҳои тасдиқшуда такя намояд ва дар ҳолати имкон истиноди дақиқ ба манбаи истифодашуда пешниҳод кунад.

Зеҳни сунъӣ ва сифати таълим

Яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатии маориф баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 августи соли 2026 зимни  суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба масъалаҳои такмили сифати таҳсил, мазмун ва сифати китобҳои дарсӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим таваҷҷуҳ намуданд. Дар робита ба ин, зеҳни сунъӣ метавонад дар ин раванд ҳамчун воситаи таҳлилии иловагӣ истифода шавад. Масалан, низом метавонад мутобиқати силлабус ба барномаи таълимӣ, пайдарҳамии мантиқии мавзуъҳо, такрори маводи таълимӣ, мавҷудияти натиҷаҳои омӯзиш ва мувофиқати саволҳои санҷиширо таҳлил намояд.

Принсипҳои истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ дар донишгоҳ 

 Барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ зарур аст, ки низоми ягонаи принсипҳои мазкур ташаккул дода шавад:

Якум, принсипи инсонмеҳварӣ. Зеҳни сунъӣ бояд фаъолияти инсонро дастгирӣ кунад ва ба ҷойи омӯзгор ё донишҷӯ қарор қабул накунад.

Дуюм, принсипи шаффофият. Омӯзгор ва донишҷӯ бояд донанд, ки дар кадом ҳолат аз зеҳни сунъӣ истифода шудааст, кадом маълумот коркард гардидааст ва ҷавоб дар асоси кадом манбаъҳо пешниҳод шудааст.

Сеюм, принсипи ҳифзи маълумот. Маълумоти шахсӣ, маълумоти илмӣ, корҳои таҳқиқотӣ ва дигар маълумоти ҳассоси донишгоҳӣ бояд бо риояи талаботи дахлдори ҳуқуқӣ ва техникӣ ҳифз карда шаванд. Низом бояд маҳдуд намудани дастрасӣ ба иттилооти ҳассос ва риояи қоидаҳои ҳифзи маълумоти шахсиро пешбинӣ намояд.

Чорум, принсипи баробарӣ ва дастрасӣ. Зеҳни сунъӣ бояд барои донишҷӯёни дорои сатҳи гуногуни омодагӣ ва қобилияти гуногуни рақамӣ дастрас бошад. Истифодаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ метавонад дастрасии онро васеъ намояд.

Панҷум, принсипи масъулияти академӣ. Ҳар як ҷавоби зеҳни сунъӣ бояд мавриди санҷиши инсонӣ қарор гирад. Донишҷӯ набояд ҷавоби зеҳни сунъиро бе таҳлил ҳамчун натиҷаи кори мустақили худ пешниҳод намояд.

Зеҳни сунъӣ ва ҳифзи ростқавлии академӣ 

Паҳншавии воситаҳои генеративии зеҳни сунъӣ масъалаи нави ростқавлии академиро ба миён овардааст. Агар донишҷӯ кори курсӣ, мақола, реферат ё рисоларо пурра тавассути зеҳни сунъӣ таҳия намуда, онро ҳамчун кори шахсии худ пешниҳод кунад, моҳияти таълимӣ ва илмии супориш коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, донишгоҳҳо бояд аз сиёсати одии «манъи истифодаи зеҳни сунъӣ» ба сиёсати «истифодаи масъулона ва шаффофи зеҳни сунъӣ» гузаранд.

Дар ин замина пешниҳод мегардад, ки донишгоҳҳо қоидаҳои дохилии истифодаи зеҳни сунъиро таҳия намоянд, ки дар онҳо ҳама масъалаҳо оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ бояд муайян карда шаванд. Дар ин ҳолат мақсади сиёсати донишгоҳ на мубориза бо технология, балки ташаккули фарҳанги академии нави рақамӣ мебошад.

Фарҳанги истифодаи зеҳни сунъӣ ҳамчун қисми фарҳанги рақамӣ

Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 августи соли 2026 оид ба таҳлили масъалаҳои ташаккули фарҳанги истифодаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки масъалаи истифодаи технология танҳо масъалаи техникӣ нест, балки масъалаи фарҳангӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар муҳити донишгоҳӣ фарҳанги истифодаи зеҳни сунъӣ бояд якчанд унсурро дар бар гирад: қобилияти дуруст гузоштани савол, санҷиши ҷавоб, муқоисаи манбаъҳо, муайян намудани маълумоти сохта, эҳтироми ҳуқуқи муаллиф, ҳифзи маълумоти шахсӣ, риояи ростқавлии академӣ ва истифодаи технология барои рушди дониш.

Аз ин нуқтаи назар метавон пешниҳод намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ «Кодекси истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти академӣ» таҳия ва қабул карда шавад. Чунин кодекс метавонад барои омӯзгорон, донишҷӯён, муҳаққиқон ва кормандони маъмурӣ қоидаҳои ягонаи истифодаи зеҳни сунъиро муқаррар намояд.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 31 августи соли 2026 рӯйдоди муҳим дар рушди рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ мебошад. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 август аз соли 2027 ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил хоҳад шуд.

Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон метавонанд ҳар сол 31 августро ҳамчун рӯзи рушди фарҳанги академии зеҳни сунъӣ истифода баранд. Дар донишгоҳҳо метавонанд конференсияҳо, ҳамоиш, дарсҳои кушод, озмунҳои илмӣ, семинарҳо ва даврҳои омӯзишӣ оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ баргузор намоянд.

Ҳамин тариқ,  истифодаи дуруст ва масъулонаи зеҳни сунъӣ метавонад ба яке аз самтҳои муҳими навсозии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёбад. Аммо, самаранокии ин раванд танҳо дар ҳолати татбиқи муносибати инсонмеҳвар, академӣ, шаффоф, бехатар ва ба дониш асосёфта таъмин карда мешавад.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 31 августи соли 2026 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод аз соли 2027 ин равандро ба сатҳи байналмилалӣ баровардааст. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон муҳим аст, ки ташаббуси байналмилалӣ дар самти зеҳни сунъиро бо сиёсати дохилии рушди маориф ва илм пайваст намуда, донишгоҳҳоро ба марказҳои ташаккули фарҳанги нави истифодаи масъулонаи технология табдил диҳад.

Нурулло МАҲМАДУЛЛОЗОДА,
муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ 

Абдураҳмон ШАРИФЗОДА,
ходими илмии шуъбаи Шарқи наздик ва миёнаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон