Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 сентябри соли равон дар 203 ҳазору 946 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки 107 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имсол зироати ғалладонагиҳо 115 ҳазору 435 гектар, шолӣ 16 ҳазору 285 гектар, сабзавот 23 ҳазору 338 гектар, картошка 815 гектар, полизӣ 7434 гектар, зироати техникӣ 3491 гектар ва зироати хӯроки чорво ба 53 ҳазору 433 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд.
Соли 2026 бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2–3 ҳосил дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ гузаронидани кишти такрорӣ дар 191 ҳазор гектар пешбинӣ гардида буд.
Дар Тоҷикистон кишти такрорӣ асосан аз моҳи июн то моҳи август гузаронида мешавад. Он баъди ҷамъоварии ҳосили зироати барвақтӣ анҷом ёфта, имконият медиҳад, ки аз як қитъаи замин дар як сол ду ё се ҳосил гирифта шавад. Ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад.
Тибқи таҳилҳои олимони соҳаи кишоварзӣ, давомнокии рӯзҳои офтобӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 100-110 рӯз, вилояти Хатлон 140-150 рӯз ва Ҳисор 120-130 рӯз мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзон барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат аз ин рӯзҳои офтобӣ бояд самаранок истифода намоянд. Инчунин тамоми тадбирҳои заруриро барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ самаранок истифода намоянд.
АКС аз бойгонӣ








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






