КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад. 19 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуд ва ин рӯз — 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.
Бояд гуфт, ки дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид.
Бунёди бузаргтарин китобхона дар Тоҷикистон
То соли 2025 дар Тоҷикистон 74 китобхона, аз ҷумла 1 Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, 1 китобхонаи муосири пойтахт, 7 китобхонаи вилоятӣ, 64 маҷмуи китобхонаҳои марказонида бо 1290 китобхона–филиал фаъолият мекунанд. Инчунин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор 160 китобхонаи вазорату идораҳо, 4580 китобхонаи соҳаи илму маориф ва 40 осорхонаи вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳоро барои маълумот ба рӯйхат гирифтааст.
Фаъолияти китобхонаҳо дар Тоҷикистон мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», барномаҳои давлатии соҳаи китобдорӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад. Бузургтарин ва асосии он Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Китобхона дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву озмоишгоҳҳои тармими китобҳо, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хизматрасонӣ аст, ки ҳамаи онҳо ба талаботи меъёрҳои ҳозиразамон ҷавобгӯ мебошанд.
Тавре Пешвои миллат дар суханронӣ ҳангоми гузоштани хишти аввали оғози сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъкид намуданд: «… китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст…».
Қадрдонӣ барои китобхонӣ
Бо ташаббуси Сарвари давлат дар мамлакат барои ҷалби ҳамагон ба китобхонӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Яке аз онҳо тақдими шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» буд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оила дастрас гардид. Инчунин дар партави ин ташаббус Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир гардид, ки барои гузаронидани он 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо карда шуд.
Соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ туҳфаи Сарвари давлат- китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ тақдим гардид. Дар пайи ин ташаббус озмуни дигар низ доир мешавад, ки он Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аст. Барои баргузор намудани он аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Иқдоми шоистаи дигар, ки дар самти китобхон шудани ҷомеа рӯйи кор омадаю таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳама зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат ҳашт сол аст, ки доир мегардад, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.
Ҳамчунин ҳар сол барои баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ, эҷоду ҳунар, рушди минбаъда ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи ҳидоят», Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб», озмуни «Китоби сол» доир менамояд.
Худ хулоса бароред: ба шумо китоб тақдим мешавад, агар онро мутолиа намоед, барои мутолиа қадрдонӣ карда мешавед. Тавре шоир ва нависандаи Доғистон Расул Ғамзатов гуфтааст, «халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе оина рӯйи худро дида наметавонад».
Тақдими китоб — анъанаи нек
Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, таҳкими худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани завқи мутолиа дар байни аҳолӣ тақдими китоб низ ба роҳ монда шудааст.
Бо иқдоми Сарвари давлат нахуст китоби муқаддаси «Қуръон» ройгон ба мардум ҳадя карда шуд. Баъдан аз номи Пешвои миллат китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонадони мамлакат туҳфа гардид, то мардум таърихи худро омӯхта, босавод, боҳувият ва сарбаланду донишманд гарданд. Инчунин дар соли 2025 китоби «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ низ ба ҳар хонадони мардуми тоҷик ҳадя гардид.
Нашри китоб
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нашриёт, аз ин 5 давлатӣ ва 8 мустақил мебошад. Инчунин дар мамлакат 20 нуқтаи фурӯши китоб, аз ин 1 давлатӣ ва 19 мустақил низ фаъолият мекунанд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар нимсолаи аввали соли 2026 муассисаҳои нашриявии вазорат 79 номгӯй китоб бо теъдоди умумии 61 ҳазору 50 нусха ба маблағи зиёда аз 1,85 миллион сомонӣ ба табъ расониданд.
Дар нимсолаи якуми соли равон 28 чорабинӣ марбут ба намоиш-фурӯш ва муаррифии китоб (21 намоиш-фурӯш ва 7 муаррифии китоб) бо иштироки доираи васеи алоқамандону дӯстдорони китоб баргузор гардид.
Рушди китобхонаҳои деҳот
«Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031», ки рушди китобхонаҳои деҳот, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти китобхонаҳо ба талаботи муосирро фаро мегирад, 30 июни соли 2026 дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҳадафи Барнома аз таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба китобхонӣ иборат мебошад.
Рушди китобхонаҳои деҳот яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангию маърифатии давлат ба шумор меравад.
Биё, китоб мехонем…
Таҳқиқоти охири мутахассисон нишон медиҳад: кӯдаконе, ки волидайнашон чанд бор дар як ҳафта барои онҳо китоб мехонанд, дар муқоиса бо кӯдакони дигар дар чаҳорсолагӣ маҳорати хондан ва навиштани беҳтаре доранд ва дар озмунҳо ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Инчунин таҳқиқоти дигаре дар мавриди мутолиа нишон додааст, ки лаззат бурдан аз хондани осори адабӣ тавоноии зеҳнро дар инсонҳо афзоиш медиҳад.
Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки агар дар зиндагии рӯзмарра асабонияти зиёдеро таҷриба мекунед, китоб бихонед. Дар маҷаллаи «Неврологӣ» (Neurology) натиҷаи таҳқиқоте нашр шуда буд, ки хондани китоб давоми тамоми умр боис мешавад, ки мағз дар пирӣ тавоноии худро ҳифз кунад.
Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки китоб хондан яке аз беҳтарин равишҳо дар мубориза бо ошуфтагӣ аст. Инчунин ҳар нафаре бештар китоб хонад, бо калимаҳо ва ибораҳои нав рӯбарӯ мешавад: аз онҳо метавонад дар ҳаёти рӯзмарра ва дар вақти суханронӣ истифода кунад. Доштани истеъдоди баён ва балоғат дар гуфтор дар заминаҳои касбу кор ба шумо кумаки бисёр бузурге хоҳад кард. Хондани китоби хуб боиси оромиши инсон мешавад ва мавзуе, ки дар мавриди он мутолиа мекунед, метавонад барои шумо оромиши хотир ба армуғон биёварад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид






