Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд

Сентябрь 24, 2026 11:21

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад.

Китоб ба шинохти амиқтари таърихи тамаддун, ҷойгоҳи тоҷикон дар ташаккули фарҳанги минтақа ва арзишҳои таърихию маънавии миллати тоҷик равона шуда, муаллиф бо такя ба маводи таърихӣ, маъхазҳои илмӣ, санадҳо ва далелҳои марбут ба давраҳои гуногуни таърихи тамаддуни ориёӣ масъалаҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавиро мавриди таҳлил қарор додааст.

Мавзуи тамаддуни ориёӣ дар китоб дар пайванди ногусастанӣ бо таърихи ташаккул ва рушди фарҳанги тоҷикон баррасӣ шуда, ба масъалаи рисолати таърихии миллати тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар саҳифаҳои китоб андешаҳо ва далелҳои гуногун вобаста ба мероси таърихию фарҳангӣ, арзишҳои маънавӣ, нақши дониш, илму фарҳанг ва суннатҳои созандаи мардумони ин сарзамин баён шудаанд.

Яке аз вижагиҳои муҳими ин асар дар он зоҳир мегардад, ки китоб бо се забон таълиф гардидааст. Ин иқдом барои дастрасии васеи муҳаққиқон, донишмандон, омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони дохилу хориҷи ҷумҳурӣ ба маводи китоб имконияти бештар фароҳам меорад. Нашри сезабонаи асар ба муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар фазои илмӣ ва фарҳангии байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Китоб аз нигоҳи тарбиявию маърифатӣ низ аҳамияти хос дорад. Шинохти таърихи миллат, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарки сабақҳои таърихӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас ва ҷавон нақши муҳим мегузорад. Аз ин рӯ, маводи асар метавонад ҳамчун сарчашмаи иловагии маърифатӣ барои омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон истифода шавад.

Бахшида шудани асар ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба мазмуну ҳадафи он аҳамияти рамзӣ мебахшад. Истиқлол барои миллат имкони мустақилона таҳқиқу муаррифӣ намудани таъриху фарҳанг ва мероси маънавиро фароҳам оварда, таваҷҷуҳ ба омӯзиши арзишҳои таърихӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ дар ин давра аҳаммияти бештар касб кардааст.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

 

Сентябрь 24, 2026 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд