Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тарҷумаи асарҳои маъруфу мондагор ба забонҳои хориҷӣ дар пайравӣ ба талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи фарҳанги бостонӣ ва тамаддуни миллати тоҷик рӯи даст гирифта шудааст.
Таърихшиносону шарқшиносон аз Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, ИМА ва Ватикан дар тақризҳои навиштаи худ тарҷумаи китобро ба забони олмонӣ, ки яке аз забонҳои муҳими илмӣ мебошад, иқдоми саривақтӣ ҳисобида, онро дар шинохти таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик нақшофар арзёбӣ кардаанд.
Таъкид шудааст, ки тарҷумаи олмонии китоби «Тоҷикон» доираҳои илмӣ ва маъхазҳои шарқшиносии кишварҳои Ғарбро боз ҳам ғанӣ гардонида, ба ташаккули афкори илмӣ нисбат ба таъриху тамаддуни тоҷикон ва дигар халкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби дипломати тоҷик Ғайратшо Соҳибназар ба забони олмонӣ тарҷума ва мураттаб шуда, дар нашриёти олмонии «Ферлаг Восток Берлин» ба табъ расид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






