Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба кормандони соҳа мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамот.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг» Ҳабибулло Сафолзода ва сардори Хадамоти дастгирии чорабиниҳои давлатии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» Ислом Саидзода барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи алоқа бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.
Иброз гардид, ки ин қадрдонӣ нишонаи арҷгузории давлат ба фаъолияти содиқона ва саҳми арзандаи кормандони соҳаи алоқа дар рушди инфрасохтори рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳкими низоми муосири алоқаи ҷумҳурӣ мебошад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад






