Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандон ва намояндагони зерсохторҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон баргузор шуд.
Кормандони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги миллӣ, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста дар пешрафти соҳаи фарҳанги мамлакат бо медали «Хизмати шоиста», медали «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд.
Зимни маросим таъкид гардид, ки чунин қадршиносӣ нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳанг ва аҳли эҷоду кормандони он буда, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулият ва идомаи фаъолияти самаранок дар роҳи рушди фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Кормандони Вазорати фарҳанг изҳор доштанд, ки ин қадршиносии давлатро бо эҳсоси баланди масъулият қабул намуда, минбаъд низ барои рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзу тарғиби арзишҳои маънавӣ ва муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти худро боз ҳам густариш хоҳанд дод.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд






