Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд

Сентябрь 8, 2026 10:23

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 35–солагии Истиқлоли давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин саридора хабар доданд, дар оғози чорабинӣ иштирокчиён бо намоиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии соҳаи геология шинос шуданд.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иброз намуд, ки маҳз дар заминаи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ки бо сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким ёфтанд, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва густариши корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи устувор фароҳам гардид.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба рушди соҳаи геология, густариши корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯӣ, омӯзиши захираҳои табиӣ ва муайян намудани иқтидори ашёи хоми маъдании мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, фаъолияти геологҳо дар ин самт пайваста тақвият меёбад.

Дар идома барои саҳми арзанда дар рушди соҳа, фаъолияти самаранок ва меҳнати содиқона як зумра кормандон бо мукофоти соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2026 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд