Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Мукофотҳои давлатиро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон тақдим намуд.
Кормандони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи иттилоотию фарҳангии мамлакат бо ордену медалҳои ҷашнӣ ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд.
Зимни маросим аз фаъолияти кормандони телевизиону радио ва дастаҳои ҳунарии зертобеи Кумита изҳори қаноатмандӣ гардида, саҳми онҳо дар инъикоси дастовардҳои мамлакат, рушди фазои иттилоотӣ ва фарҳангӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳангу санъати тоҷик муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки чунин қадршиносии давлатӣ барои кормандони соҳа масъулияти бештар бахшида, онҳоро ба идомаи фаъолияти самаранок ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи телевизиону радио ҳидоят менамояд.
АКС: Радиои «Тоҷикистон»








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






