МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 05.09.2026. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаҳои зиёд ворид мегарданд. Мақолаи Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода яке аз онҳост, ки дар зер пешниҳоди хонандаон мегардад:
— Ҳамагон медонанд, ки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми илму техника ва сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди зеҳни сунъӣ ва татбиқи он «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намуд.
Дар қатори дигар ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари соҳибистиқлоли мо 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро дар мавзуи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд, бо иттифоқӣ онро қабул намуд.
Сарфи назар аз мавҷудияти рақобатҳои геополитикӣ байни кишварҳои калидии технологӣ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист як консенсуси бесобиқаеро эҷод намояд, ки ҳадафи он сафарбар намудани кӯшишҳои ҷаҳонӣ барои истифодаи бехатар ва созандаи зеҳни сунъӣ ба нафи тамоми башарият мебошад. Дар гузоришҳои иттилоотии Агентии Синхуа изҳор карда мешавад: «Маҷмааи Умумии СММ рӯзи 31 август қатъномаро бо ташаббуси Тоҷикистон эътироф намуд, ки тибқи он аз соли 2027 сар карда, ин рӯз (31 август) ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар таҷлил карда мешавад».
Интихоби санаи 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ дорои заминаҳои амиқи илмӣ ва таърихӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 31 августи соли 1955 гурӯҳи олимони амрикоӣ таҳти роҳбарии Ҷон Маккарти лоиҳаи машҳури таҳқиқотии тобистонаи Дартмутро (Dartmouth Summer Research Project on Artificial Intelligence) пешниҳод намуданд, ки баъдан дар соли 1956 баргузор гардид ва ҳамчун заминаи асосии пайдоиши истилоҳи илмии «зеҳни сунъӣ» эътироф карда шуд.
Қабули Қатъномаи мазкур бори дигар собит мекунад, ки кишварҳои рӯ ба инкишоф метавонанд на танҳо ҳамчун истифобарандагони технологияҳо ва қоидаҳои аз ҷониби кишварҳои пешрафта таҳия ва пешниҳодшуда бошанд, балки ҳамчун ташаббускори фаъоли меъёрӣ дар арсаи байналмилалӣ баромад намоянд ва мушкилиҳои ҷаҳониро муайян созанд.
Чуноне ки муҳаққиқи соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ Ҳедли Булл дар соли 1977 гуфтааст: «тартиботи байналмилалӣ ба мавҷудияти қоидаҳо ва меъёрҳои муштарак асос меёбад, ки давлатҳо ба таври ихтиёрӣ барои ҳимояи манфиатҳои умумӣ ва пешгирӣ аз бесарусомонӣ риоя месозанд». Ин қатънома маҳз, ҳамин заминаро барои технологияҳои нав ба вуҷуд меорад ва ба баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон хидмати арзанда менамояд.
Ҳамгироии босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ ба соҳаи таҳсилоти олӣ ва фаъолияти таҳқиқотӣ яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир гардидааст. Муассисаҳои олии пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Донишгоҳи Оксфорд, Донишгоҳи Ҳарвард, Институти технологии Массачусетс, Донишгоҳи Кембриҷ ва Донишгоҳи Пекин дастурамалҳои махсусро барои танзими истифодаи ин технологияҳо таҳия менамоянд. Ҳадафи асосии ин гуна ҳуҷҷатҳо дарёфти тавозуни устувор байни истифодаи самарабахши имкониятҳои инноватсионии ЗС ва коҳиш додани хавфҳои ҷиддии марбут ба амнияти маълумот ва ҳуқуқи муаллиф мебошад.
Таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки муносибат ба ин технологияҳо на ба шакли манъкунии комил, балки бар принсипи «истифодаи масъулиятнок, шаффоф ва назоратшаванда» асос ёфтааст.
- Имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти илмӣ
Дар фаъолияти таҳқиқотӣ технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд ҳамчун воситаҳои ёрирасони пуриқтидор самаранокии кори муаллифро зиёд мекунанд. Таҷрибаи Донишгоҳи Макгилл, Мактаби ҳуқуқи трансмиллии Донишгоҳи Пекин (STL) ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (СПбГУ) нишон медиҳад, ки як қатор вазифаҳои дорои хатари паст ё миёна мавҷуданд, ки иҷрои онҳо тавассути зеҳни сунъӣ қобили қабул аст.
Аввалин ва маъмултарин самти истифодаи зеҳни сунъӣ — ин дастгирии лингвистӣ, таҳрири услубӣ ва тарҷумаи матнҳо мебошад. Донишгоҳҳо истифодаи зеҳни сунъиро барои беҳтар кардани сохтори матни навишташуда, санҷиши имло ва грамматика, инчунин тарҷумаи қисмҳои алоҳидаи асар ба забонҳои хориҷиро иҷозат медиҳанд. Масалан, Донишгоҳи Оксфорд истифодаи зеҳни сунъиро барои баланд бардоштани сатҳи забони англисӣ ва рушди малакаҳои муаррифии матни кори илмӣ дастгирӣ мекунад.
Илова бар ин, зеҳни сунъӣ дар ташкили ҷустуҷӯи аввалияи адабиёти илмӣ, сохторбандии асар, пайдо кардани ғояҳои нав ва таснифоти манбаъҳо истифодаи муфид дорад. Донишгоҳҳо, аз қабили Мактаби иқтисоди Лондон (LSE) ва Донишгоҳи озоди Берлин, истифодаи ин технологияҳоро барои ташаккули нақшаҳои кори илмӣ, омодасозии ҷадвалҳо ва ҳатто навиштану ислоҳи кодҳои барномавӣ барои истифодаи дохилии таҳқиқот эътироф менамоянд. Сарфи назар аз ин имкониятҳо, муассисаҳои илмӣ таъкид мекунанд, ки зеҳни сунъӣ бояд танҳо барои корҳои ёрирасон ва техникӣ истифода шавад, на барои таҳияи мазмуни аслии илмӣ.
- Хавфҳо ва маҳдудиятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ
Ҳарчанд технологияҳои зеҳни сунъӣ имкониятҳои фарох дошта бошанд ҳам, истифодаи беназорати онҳо дар фаъолияти таҳқиқотӣ бо хавф, таҳдидҳо ба сифати илм алоқаманд аст.
Яке аз хавфҳои асосии зеҳни сунъӣ ин тавлиди маълумоти комилан сохта, вале боварибахш мебошад. Чунончи, дар дастурамалҳои Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, Донишгоҳи Ҳарвард ва Донишгоҳи давлатии Кемерово оварда шудааст, зеҳни сунъӣ метавонад фактҳои хаёлӣ эҷод кунад, рақамҳои нодуруст пешниҳод намояд ва ҳатто ба мақолаҳо ва парвандаҳои судии умуман вуҷуднадошта истинодҳои сохта (хаёлӣ) созад. Такя ба чунин маълумот бидуни санҷиши қатъӣ метавонад ба обрӯи илмии муаллиф ва муассиса зарари ҷиддӣ расонад.
Хавфи дигари муҳим — сирқат ва вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф аст. Системаҳои зеҳни сунъӣ дар асоси ҳаҷми бузурги матнҳои дигарон омӯзонида мешаванд ва метавонанд иқтибосҳои дақиқи асарҳои ҳифзшударо бе ишораи манбаъ таҳия намоянд. Донишгоҳи Макгилл қатъиян таъкид мекунад, ки пешниҳоди баррасиҳои адабиёт, хулосаҳо ва таҳлилҳои таҳияшуда зеҳни сунъӣ ҳамчун кори аслӣ плагиат ба ҳисоб рафта, ҷазоҳои ҷиддии академӣ ва интизомиро, то марҳилаи рад кардани мақолаҳо, бозхонди мавод ва ҳатто маҳрумият аз унвон ва диплом пешбинӣ мекунад. Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (ДДСПб) омода кардани бахшҳои асосии дастнависро аз ҷониби зеҳни сунъӣ қатъиян манъ мекунад.
Масъалаи дигари ҷиддӣ махфият ва ҳифзи маълумоти илмӣ мебошад. Маълумоте, ки ба воситаҳои оммавии зеҳни сунъӣ ба монанди ChatGPT, ворид карда мешавад, дар серверҳои ширкатҳо сабт шуда, барои омӯзиши минбаъдаи моделҳо истифода мешавад. Ин раванд маънои онро дорад, ки маълумоти нашрнашуда, натиҷаҳои таҷрибаҳо ва маълумоти шахсии иштирокчиёни таҳқиқот метавонанд ба таври оммавӣ паҳн ва фош гарданд. Донишгоҳҳои пешрафта муаллифонро вазифадор мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ маълумоти нашрнашуда ё махфиро ба системаҳои кушодаи зеҳни сунъӣ ворид накунанд. Илова бар ин, Донишгоҳи Кембриҷ ба таъсири манфии экологии истифодаи зеҳни сунъӣ (масалан, масрафи баланди энергия ва об ҳангоми таҳияи тасвирҳо ва матнҳо) ишора карда, даъват мекунад, ки зеҳни сунъӣ танҳо дар ҳолати зарурати воқеӣ ва ба таври муассир истифода шавад.
- Принсипҳои истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ
Барои пешгирии хавфҳо ва таъмии рушди боэътимоди фаъолияти илмӣ, донишгоҳҳо принсипҳои асосии истифодаи масъулонаи зеҳни сунъиро пешниҳод намудаанд:
- Системаҳои зеҳни сунъӣ наметавонанд таҳлили амиқ, эҷодкорӣ ва фаҳмиши клиникию ахлоқии инсонро иваз кунанд. Онҳо танҳо воситаҳои ёрирасон ва такмилдиҳандаи фаъолияти худи муҳаққиқ мебошанд.
- зеҳни сунъӣ наметавонад ҳамчун муаллиф ё ҳаммуаллифи кори илмӣ ва мақола эътироф ва нишон дода шавад. Муаллифӣ уҳдадориҳо ва масъулияти ҳуқуқӣ, этикӣ ва илмиро талаб мекунад, ки онро танҳо шахси воқеӣ ба зимма гирифта метавонад.
- Ҳангоми зарурати истифодаи зеҳни сунъӣ, донишгоҳҳо тавсия медиҳанд, ки аз технологияҳои ҳифзшудаи корпоративӣ ё локалӣ истифода бурда шавад. Масалан, Мактаби иқтисоди Лондон ва Донишгоҳи Оксфорд истифодаи Microsoft Copilot ё ChatGPT Edu-ро, ки амнияти маълумотро кафолат дода, таърихи дархостҳоро барои омӯзиши модел нигоҳ намедоранд, афзал медонанд.
- Масъулият ва шаффофияти муҳаққиқ
Принсипи калидии сиёсати академии муассисаҳои олии пешрафта ин аст, ки муаллиф ҳамеша ва пурра барои тамоми мундариҷаи кори илмии худ масъул аст, новобаста аз он ки дар рафти кор воситаҳои ЗС истифода шудаанд ё на. Ҳама гуна хатоҳо, сохтакориҳо ё матнҳои бофтаи аз ҷониби зеҳни сунъӣ таҳияшуда ва ба кори илмӣ дохилшуда ҳамчун қонуншикании худи муаллиф баррасӣ мешаванд.
Аз ин рӯ, муҳаққиқ вазифадор аст, ки ҳар як факт, рақам, истиноди библиографӣ ва хулосаи аз ҷониби зеҳни сунъӣ пешниҳодшударо ба таври интиқодӣ ва ҳаматарафа бо истифода аз манбаъҳои академии аслӣ ва боэътимод пеш аз нашри кор тасдиқ ва санҷиш намояд. Такя ба ҷавоби зеҳни сунъӣ дар баҳсҳои илмӣ ҳамчун далел қабул карда намешавад.
Шаффофият уҳдадории дигари ҳатмии муаллифон мебошад. Истифодаи зеҳни сунъӣ (таҳияи идеяҳо, сохтор, тарҷума, таҳлили маълумот) бояд ба таври возеҳ ва расмӣ ошкор карда шавад. Пинҳон доштани истифодаи зеҳни сунъӣ риоя накардани этикаи илмӣ ба шумор рафта, боиси рад кардани мавод мегардад.
Хулоса, технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи илм набояд ҳамчун таҳдиди мутлақ, ки боиси манъи комил мегардад ва на ҳамчун ивазкунандаи зеҳни инсонӣ баррасӣ шаванд.
Таҷрибаи байналмилалии донишгоҳҳо ва нашрияҳои илмии пешрафта нишон медиҳад, ки калиди муваффақият дар истифодаи самараноки соҳавӣ, масъулиятнок, шаффоф ва назоратшавандаи ин технологияҳост. Зеҳни сунъӣ қодир аст корҳои ёрирасону техникии муҳаққиқонро содда ва суръат бахшад, аммо масъулияти ниҳоӣ барои сифат, аслият, дурустии илмӣ ва қонунияти корҳои таҳқиқотӣ ҳамеша ба зиммаи худи инсон мемонад. Танҳо риояи қатъии меъёрҳои ахлоқӣ, ошкорсозии шаффофи истифодаи зеҳни сунъӣ ва санҷиши бевоситаи натиҷаҳо метавонанд баланд бурдани сифати корҳои илмиро бо истифода аз дастовардҳои муосири технологӣ таъмин намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






