Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд

Сентябрь 17, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи мамлакат ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази  матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат яке аз масъалаҳои муҳимми рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда зарур мебошад.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос, ба роҳ мондани таҳсили мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар самти тайёр намудани кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон масъалаҳои такмили механизмҳои интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷи кишвар, муайян намудани самтҳои афзалиятноки омодасозии мутахассисон, мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва истифодаи самараноки неруи кадрӣ баррасӣ шуданд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба имконияти муассисаҳо, самтҳои омодасозии кадрҳо, ҳамкории байналмилалӣ ва масъалаҳои марбут ба рушди таҳсилоти касбӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа барои такмили низоми омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рушди ҷумҳурӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд