Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид

Сентябрь 1, 2026 14:11

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод ба ҷамъоварии пахта оғоз намуданд. Соли 2026 дар ноҳия беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шуд. Деҳқонон ният доранд, ки аз заминҳои пахтазор зиёда аз 30 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Бо фарорасии мавсими ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзии ноҳия корҳои пахтачинӣ вусъат гирифта, саҳмдорон ва кормандони хоҷагиҳо ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.

Таъкид гардид, ки фаровонии ҳосил ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани он ба нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисоди ноҳия таъсири мусбат мерасонад.

Бо назардошти аҳамияти пахтакорӣ дар таъмини фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва таъсиси ҷойи кор масъулин вазифадор гардиданд, ки барои ҷамъоварии пурра ва босифати ҳосил тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд Ситоди вилоятии ҳосил-2026 ташкил гардида, ташкилоту идора ва шаҳру ноҳияҳои пахтакор вазифадор шудаанд, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

АСК: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 1, 2026 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад