Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид

Сентябрь 2, 2026 13:21

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гуанҷои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «12th International Exhibition of Inventions» форуми байналмилалӣ ва намоишгоҳи ихтироот баргузор гардид, ки дар он ихтироъкорон, олимон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмию таҳқиқотии давлатҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино хабар доданд, дар форум ходими калони илмии шуъбаи илмию таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии ин донишгоҳ Омина Холиқзода соҳиби медали нуқра гардид. Ҳамзамон дастоварди илмии ӯ аз ҷониби «Indonesia Invention and Innovation Promotion Association» баҳои баланд гирифта, ба олим медали тилло тақдим карда шуд.

Ин муваффақият далели он аст, ки таҳқиқоти илмии олимони ҷавони тоҷик, бахусус муҳаққиқони соҳаи тиб дар сатҳи байналмилалӣ низ арзёбии баланд пайдо мекунанд.

Дар форуми байналмилалии илмӣ дастовардҳои олимону ихтироъкорон дар самти таҳқиқоти илмӣ, навовариҳо ва ихтирооти дорои аҳамияти амалӣ муаррифӣ гардиданд.

Иштироки олимони ҷавони тоҷик дар чунин форум барои муаррифии иқтидори илмӣ, таҳқиқотӣ ва навоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.

Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ҳамчун яке аз сохторҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ солҳои охир ба рушди корҳои илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон, ҷалби олимон ба таҳқиқоти муосир ва муаррифии натиҷаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дастоварди навбатии Омина Холиқзода низ метавонад намунаи равшани самаранокии ин иқдомҳо ва имконияти фароҳамомада барои рушди иқтидори илмии ҷавонон бошад.

Дастовардҳои олимону муҳаққиқони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз нишондиҳандаҳои рушди илму маориф, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва болоравии нуфузи илмии давлат ба ҳисоб мераванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Сентябрь 2, 2026 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид