«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ» маҳфили навбатии «Тоҷикшиносӣ» барои таҳияи Консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз китобхона хабар доданд.
Дар маҳфил иштирокчиён доир ба арзиши омӯзиши таърихи бостонии миллати тоҷик, эҳёи хотираи таърихӣ, ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии мероси тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд. Инчунин ба масъалаҳои таърихи тамаддуни ориёӣ, аҳамияти омӯзиши сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар самти таҳкими худшиносии таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Иброз гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии тоҷикон ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат табдил ёфтааст. Эълон гардидани соли 2006 ҳамчун «Соли тамаддуни ориёӣ», эҳёи ҷашнҳои миллӣ, таҷлили санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ ва муаррифии ёдгориҳои бостонии мамлакат аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба таҳкими хотираи таърихӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамоянд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун махзани бузурги мероси хаттӣ ва ниҳоди илмӣ-фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ, ҳифз, таҳқиқ ва муаррифии сарчашмаҳои марбут ба таърих ва фарҳанги тоҷикон нақши қобили таваҷҷуҳ дорад. Маҳфилҳои «Тоҷикшиносӣ» низ ҳамчун минбари илмӣ барои омӯзиш ва баррасии масъалаҳои мубрами таърих, фарҳанг, забон, адабиёт ва давлатдории тоҷикон хизмат мекунанд.
Маҳфил ба омӯзиши амиқи мероси таърихию фарҳангии ниёгон, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни минтақа ва ҷаҳон равона гардидааст.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






