Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд

Сентябрь 29, 2026 14:58

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Майамии Амрико Форуми 48-уми байналмилалии саноати молиявии SWIFT — Sibos 2026 оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ин ҳамоиши бузурги байналмилалии молиявӣ ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз  Шарифзода иштирок дорад.

Мавзуи асосии конфронси имсола «Digital finance for AI-driven economies» -«Молияи рақамӣ барои иқтисодҳое, ки бар асоси зеҳни сунъӣ рушд мекунанд», мебошад. Дар доираи ҳамоиш беш аз 250 ҷаласаи мавзуӣ оид ба масъалаҳои марбут ба рушди низоми молиявии ҷаҳонӣ, такмили пардохтҳои фаромарзӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, рушди дороиҳои рақамӣ, устувории амалиётии ташкилоти молиявӣ ва амнияти инфрасохтори молиявӣ баррасӣ мешаванд.

Дар назар аст, ки ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кори Форуми Sibos 2026 якчанд вохӯрӣ бо роҳбарияти ташкилоти SWIFT (Ташкилоти ҷаҳонии телекоммуникатсияҳои молиявии байнибонкӣ), намояндагони бонкҳои марказӣ, бонкҳои бузурги байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ, инчунин ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои пардохтӣ ва инфрасохтори молиявӣ баргузор намояд.

Форуми байналмилалии саноати молиявии SWIFT — Sibos 2026 то 1 октябри соли 2026 идома ёфта, дар баробари ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон дар кори он намояндагони ташкилоти қарзии молиявии мамлакат низ иштирок доранд.

          АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 29, 2026 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд