Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони ҷаҳонии почта иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берн ҷаласаи Созмони ҷаҳонии почта баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария Шараф Шерализода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария хабар доданд, дар ҷаласа Нақшаи амали Созмон барои солҳои 2026-2029 дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо баррасӣ гардид.
Зимни ҷаласа Шараф Шерализода оид ба ташаббусҳои сабз дар соҳаи алоқа, устувории алоқаи почтавӣ, кумакҳои техникӣ ва дастгирии лоиҳаҳои соҳа ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласа намоишгоҳи намунаи рамзии почтаҳои кишварҳои аъзо Созмон ташкил карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






