Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи аудити давлатӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳа 31 август дар Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни мулоқоти Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода бо аудитори генералии Идораи миллии аудити Чин Ҳоу Кай баррасӣ шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб хабар доданд, дар вохӯрӣ ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои зеҳни сунъӣ дар равандҳои аудит таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо эътироф намуданд, ки технологияҳои муосир метавонанд ба баланд бардоштани самаранокӣ, далелҳои аудиторӣ ва арзёбии хавфҳои аудит мусоидат намуда, барои беҳтар намудани шаффофияти идоракунии давлатӣ заминаи муҳим гузоранд.
Ҳамчунин мусоҳибон таҷрибаи пешқадам ва самтҳои нави татбиқи зеҳни сунъиро дар самти аудит мавриди баррасӣ қарор дода, тасмим гирифтанд, ки дар соҳаҳои мутақобили судманд тавассути табодули таҷриба, ташкили машғулияти такмили ихтисос ва анҷом додани таҳқиқоти муштарак ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшанд.
Дар ин раванд ба рушди усулҳои аудит, аз ҷумла аудит дар асоси хавфҳо, таҳлили маълумоти ҳаҷмнок ва аудити экологӣ диққати махсус зоҳир карда шуд. Ҳадафи ин тадбирҳои судманд баланд бардоштани иқтидори ниҳодҳо дар самти таъмини ҳисоботдиҳии шаффоф ва масъулиятшиносии давлатӣ мебошад.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






