НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ҷашни муҳиму фархунда ва тақдирсоз ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ватани биҳиштосоямон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Зеро маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати мустақил ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти  давлатӣ фишурдаи тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамоем.

— Мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст.

***

Истиқлолият дар таърихи илму маорифи тоҷик, бешубҳа, гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушд мебошад.

***

Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд.

***

Зиёиёну донишмандон бояд хуб донанд, ки давоми таърих, пеш аз ҳама, аҳли донишу зиё дар орзу ва талоши истиқлолият будаанд.

***

Бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъмат барои ман халқи Тоҷикистони маҳбубам, обу хоки Ватани биҳиштосоям ва иззату обрӯи давлати соҳибихтиёру озодам дар байни ҷомеаи ҷаҳон мебошад!

***

Мо дар замони истиқлол ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал русиву англисӣ дар ҳама зинаҳои таҳсил эътибори ҷиддӣ додем ва бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар ин самт ба пешравиҳои бесобиқа ноил гардидем.

***

Академияи илмҳоро, ки ниҳоди асосии пешбарандаи илми ватанӣ мебошад, дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо ҳифз кардем, балки ба он мақоми баланди миллиро сазовор донистем.

***

…Ман дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ рушди илму маорифро ҳамчун самти муҳимтарин ва аввалиндараҷаи сиёсати давлат дастгирӣ менамоям.

***

Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.

***

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

***

…Агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи мамлакати тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд.

***

Қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд.

***

Баъди ба даст овардани неъмати бузурги истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои милливу фарҳангии мардуми куҳанбунёдамон оғоз кардем.

***

Бигзор, нури хуршеди истиқлолият то абад равшангари ҳаёти ҷомеаи мо гардад!

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст