Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло 35-солагии онро ҷашн гирифта истодаем, дар таърихи халқи тоҷик яке аз нодиртарин падидаҳои сиёсӣ ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Дар робита ба моҳияти таърихӣ ва арзиши бузурги ин дастоварди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлатии тоҷик мебошад».
Дар ҳақиқат, Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳисси ифтихори ватандӯстдории мардуми тоҷик нақши таърихӣ гузошта, онро ба марҳилаи сифатан нави рушд расонид ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдору устувор фароҳам овард. Дар заминаи Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик тавонист таҳти роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти худ барои таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ дигаргуниҳои зиёд ба вуҷуд оварад.
Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои мо муқаддастарин арзишҳо ба ҳисоб рафта, ҳифз намудану таҳким бахшидани онҳо вазифаи ҷонии ҳар сокини мамлакат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузургу таърихӣ ноил гардида, дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузу мақоми ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошт.
Гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, амалӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имконияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуданд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳалли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф буда, сиёсати хориҷии бонизому пайвастаро, ки асоси онро усули «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, татбиқ месозад.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки амалӣ гардидани ҳама орзуҳо ва нақшаву ниятҳояшон, ҳамчунин пешрафти давлат ва ободии Ватан маҳз аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста аст. Хусусан, дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳон, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии олам ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ, ҳифзи Истиқлол ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.
Мақомоти андоз имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва дар сатҳи замонавӣ ташкил кардани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ҳаддалимкон сода намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ ва дар ин замина афзун намудани воридоти маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ тадбирҳои судманд меандешанд.
Дар натиҷаи чораҳои тибқи дастуру роҳнамоиҳои Роҳбари давлат ва супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешида мақомоти андоз дар маҷмуъ иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро барои давраҳои муайянгардида пурраву барзиёд таъмин намуда истодаанд. Тадбирҳои андешида имкон доданд, ки иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҷамъбасти соли 2025 ва 8 моҳи соли 2026 пурраю барзиёд таъмин карда шаванд, ки ин албатта, аз дуруст ба роҳ монда шудани сиёсати андозию буҷетӣ дарак медиҳад. Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки дар давраҳои минбаъда низ хубтар фаъолият намоем, иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ ва нақшаҳои пешбинишударо пурра таъмин созем.
Имрӯзҳо мақомоти андоз дар марҳалаи нави рушд қарор доранд, ки онро метавон ҳамчун давраи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти соҳа арзёбӣ кард. Воқеан, равандҳои рақамикунонии соҳа, татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотӣ, ки пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ба андозсупорандагон, баланд бардоштани масъулияти субъектҳои хоҷагидор дар таъмини риояи ихтиёрии қонунгузории андоз, инчунин халалдор насохтани фаъолияти онҳо равона карда шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупории онҳо ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил шудан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши хеле муҳим дорад. Аз ин рӯ, мо бояд доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешем, ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоем.
Бо вуҷуди ин, корҳои анҷомдодаи мо доир ба такмили донишу малакаи касбӣ, пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо, хубтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорон, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон ҳанӯз кофӣ нестанд. Бинобар ин, мо бояд дониши касбии худро пайваста такмил диҳем, фаъолиятамонро дар асоси қонунгузорӣ ба роҳ монем, истифодаи дурусту самараноки барномаҳои компютериро аз ҷониби кормандони соҳаи андоз ва ҳам андозсупорандагон таъмин созем ва дар иҷрои уҳдадориҳои хизматию мансабиамон масъулияти бештар эҳсос намоем.
Мақомоти андоз имрӯз, дар ҳақиқат, дорои неруи тавонои кадрӣ ва базаи моддию техникии муосир мебошанд. Бо чунин имконият мо метавонем аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди мо, кормандони соҳаи андоз гузошта шудаанд, сарбаландона бароем.
Имрӯз яке аз ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани нақши соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки таъминкунандаи рушди устувори иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳаммияти муҳими бахши хусусӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, Ҳукумати мамлакат барои такмил додани механизмҳои иқтисоди озод, сода гардонидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунанд, ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Маҳз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҳоло бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ инкишоф ёфта, саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ хеле назаррас гардидааст.
Имрӯзҳо дар назди мақомоти андоз вазифаҳои муҳим ва пурмасъулият истодаанд, ки иҷрои босифат ва саривақтии онҳо дар таъмини устувории молиявӣ ва рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Аз ин рӯ, рисолати мо кормандони мақомоти андоз таъмини иҷрои пурра ва барзиёди нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин иҷрои барномаю консепсияҳои давлатӣ ва таъмини риояи муқаррароти Кодекси андоз иборат мебошад. Иҷрои сазовори ин вазифаҳо аз ҳар яки мо касбияти баланд, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва фаъолияти содиқонаву самаранок тақозо менамояд.
Изҳори итминон менамоям, ки мо – кормандони мақомоти андоз бо дарки баланди масъулияти хизматӣ ва бо мақсади татбиқи пайвастаи дастуру роҳнамоиҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати мамлакат минбаъд низ тамоми имконияту захираҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, фаъолияти худро боз ҳам хубтар ба роҳ мемонем. Бо заҳмати содиқона ва масъулиятшиносӣ барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва таъмини иҷрои вазифаҳои барзиммадошта саҳми арзанда гузошта, дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузорем.
Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддастарин дастоварди миллӣ ҳамеша пойдору устувор, Ваҳдати миллӣ ҷовидонӣ ва Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу пешрафта бошад!
Нусратулло ДАВЛАТЗОДА,
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус






