Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи олии аттестатсионӣ хабар доданд.
Иброз гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат илми ватанӣ, сиёсати аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, заминаҳои устувори таҳқиқоти бунёдию амалӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин замина рушди минбаъдаи низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими иқтидори илмии мамлакат мусоидат менамояд. Таваҷҷуҳи пайваста ба рушди муассисаҳои илмӣ, дастгирии олимони ҷавон, такмили низоми таҳсилоти баъдидипломӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ имконият фароҳам овардааст, ки илм ҳамчун омили муҳими пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа нақши боз ҳам муассиртар пайдо намояд.
Инчунин иштирокчиёни ҳамоиш оид ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат баён намуданд, ки дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат давоми 35 соли охир маҳз натиҷаи афкори фарзона ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору сулҳхоҳ муаррифӣ намудаанд.
Озодӣ ва соҳибихтиёрӣ неъмати бебаҳоест, ки ҳифзи он масъулияти бузурги фарзандӣ ва ватандӯстиро аз ҳар шаҳрванди мамлакат, хусусан наслҳои ҷавон ва зиёиёни ҷомеа талаб менамояд.
Дар ҳамоиш ба як зумра намояндагони соҳаҳои гуногун шаҳодатномаҳо, инчунин, дипломҳои дараҷа ва унвонҳои илмӣ супорида шуданд.
АКС: Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






