ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
РОҒУН, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ омодагии ҷиддӣ дидааст.
Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иқтисодии мақомоти шаҳр хабар доданд, дар муассисаҳои таълимӣ захиранамоии 393,5 тонна ангишт, 204 метри мураббаъ ҳезум ва 2525 литр сӯзишворӣ, дар соҳаи тандурустӣ 36 тонна ангишт, 36 метри мураббаъ ҳезум ва 400 литр сӯзишворӣ барои мавсими тирамоҳу зимистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин муддат муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ пурра бо ангишт ва ҳезум таъмин карда шудаанд.
Ҳамчунин барои таъмин намудани гармӣ дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Роғун 13 дегхона, 340 гармкунаки барқӣ, 213 печкаи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Дар фасли зимистон тозаю бо маводи зидди лағжиш таъмин будани шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Лахш ва роҳи 11-километраи даромадгоҳи шаҳри Роғун барои ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Роғун 700 метри мураббаъ омехтаи маводи зидди лағжиш, 3000 литр сӯзишвории дизелӣ захира шуда, 5 техникаи муассиса омодаи кор мебошанд.
Ҳамчунин дар Корхонаи воҳиди давлатии “СОКО ва ХМК” 160 метри мураббаъ маводи зидди лағжиш, 12 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна бензин захира шуда, 7 техникаи муассиса дар ҳолати корӣ қарор доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






