Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи мамлакат мулоқот намуда, дар ҷамъомад ба муносибати Рӯзи дониш суханронӣ намуданд.
— Бояд гуфт, ки мактабу маориф дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ фароҳамсози нахустин мактаби худогоҳиву худшиносии насли имрӯзу фардои мамлакат мебошад. Зеро маорифи босифат дар ҷомеа неруи зеҳнӣ, иқтидори эҷодию таҳлилӣ ва сармояи инсониро ҳамчун пояи рушди устувор ташаккул медиҳад. Он на танҳо воситаи интиқоли дониш ва таҷрибаи наслҳо аст, балки заминаи ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатро фароҳам оварда, дар доираи стратегии дарозмуддати давлат сармояи рушди инсонӣ арзёбӣ мешавад. Тавассути он сифату самараи илму донишу маърифат дар баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, тавонмандсозии қувваи корӣ ва афзоиши рақобатпазирии миллӣ хубтар инъикос меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд.
Қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид, натиҷа ва самараи дарси сулҳ мебошад, ки бо тавсияи Сарвари давлат ба хотири ҳифзу ҳимояи аҳли сайёра ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуд.
Бо чунин ташаббусҳои созанда ва таъкидҳои Пешвои миллат метавон гуфт, ки дарси сулҳи Рӯзи дониш дарси садоқату ватандӯстӣ буда, заминагузори худшиносиву худогоҳӣ, паёмрасони озодиву оромӣ ва ободии ҷумҳурӣ мебошад.
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон чунинанд:
- Таҳияи тадбирҳои саривақтӣ барои фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ
- Мутахассисон ва соҳибкасбон метавонанд ҷомеаро ободтар созанд.
- Дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, алалхусус ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст ва мунтазам фаҳмонида шавад.
- Истифодаи бе меъёру беназорати телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии равонӣ, хоб, нутқ, ҳофиза, қобилияти азхудкунии саводу дониш, фаъолият ва рушди ҷисмонии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.
- Ҷавонон бояд дар шароити рақамикунонии босуръат, рушди пайвастаи технологияҳои иртиботӣ ва афзоиши теъдоди шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарии электронӣ фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта бошанд.
Хулоса, бо чунин роҳнамоиҳои дурбинонаи Сарвари давлат ва муаллимону роҳбарони кордону соҳибхираду соҳибмаърифат аз фарҳанги сулҳу созандагӣ бояд бештар истифода карда, фазои сулҳу дӯстӣ ва хуррамиву хушҳолии мардумро ҳифзу ҳимоя ва диёру Ватанро ободу озоду ором нигоҳ дошт.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд






