Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»

Сентябрь 23, 2026 16:47

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ карда шуд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баён доштанд.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки дар се рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти навбунёди истеҳсолию иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, даҳҳо муассисаи таълимию тиббӣ ва иншооти хизматрасонӣ бо беҳтарин шароиту таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуда, дар онҳо ҳазорҳо ҷойи нави кор муҳайё гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки танҳо дар корхонаи маъдантозакунии «Адрасмон»-и шаҳри Гулистон беш аз 1000 ҷойи кор, дар марҳалаи дуюми корхонаи металлургии «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой» дар шаҳри Истиқлол ва корхонаи оҳаки ҷамъияти мазкур 320 ҷойи нави кор муҳайё карда шудааст.

«Ин дастовардҳо аз дастгирии сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат ва иштироки фаъолонаи сокинони вилояти Суғд дар ободонию пешрафти Ватани азизамон гувоҳӣ медиҳанд»,– изҳор доштанд Сарвари давлат.

Тазаккур дода шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи вилоят ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинон тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2026 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд