Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд

Сентябрь 8, 2026 12:19

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр дар Театри миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз — 35-солагии истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Истиқлол барои ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳу худшинос рамзи олии озодӣ, нишонаи возеҳи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати ориёитабори тоҷик, мояи ифтихору сарбаландӣ ва рукни бунёдии давлатдории муосири тоҷикон мебошад.

Гуфта шуд, ки 35 соли соҳибистиқлолӣ возеҳан собит сохт, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз дорои хиради азалӣ, иродаи матин ва неруи бузурги созанда мебошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар хотираи таърихии миллати тоҷик солҳои нахустини давлатдории навин ҳамчун давраи ниҳоят душвор ва пуртазод нақш бастаанд. Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта кишвари мо ба буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари нобудии давлат ва пароканда шудани миллат ба воқеияти талхи он рӯзҳо табдил ёфта буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олиро, ки соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барои кишвари дар вартаи нобудӣ қарордоштаи мо — нуқтаи гардиши сарнавишт ва оғози бунёди давлати нави миллӣ номиданд.

Зикр гардид, ки санаду қарорҳои дар раванди иҷлосия қабулшуда заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии барқарорсозӣ ва рушди давлатдории навини тоҷиконро фароҳам оварда, роҳи минбаъдаи пешрафти кишварро муайян намуданд.

“Ман дар он рӯзҳои барои кишварамон сарнавиштсоз изҳор дошта будам, ки куҳандиёри мо — Тоҷикистони азиз бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро ёбад ва барои ин, пеш аз ҳама, сулҳу осоиш зарур аст”, — изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “имрӯз бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорам, ки бо такя ба хиради миллӣ ва дастгирии бевоситаи мардуми шарифи Тоҷикистон мо аз имтиҳони сахту сангини тақдир бо эҳсоси баланди масъулият дар назди таърих ва ояндаи халқамон гузаштем”.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хомуш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо ва ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, имрӯз низ таҷассуми иродаи қавӣ, масъулияти баланди миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон аз истиқлоли давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ сарчашма мегиранд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия нахустин рамзи давлатдории тоҷикон — Парчами миллӣ қабул гардида, замина барои таҳия ва тасдиқи дигар рамзҳои давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистон фароҳам оварда шуд.

Андешаҳои дигар вобаста ба барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси сохторҳои низомӣ ва таъмин намудани волоияти қонун садо дод.

Гуфта шуд, ки дар баробари таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва конститутсионии давлатдорӣ, мо Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро, ки аз ҷумлаи аркони бунёдии давлатдорӣ мебошанд, дар шароити бисёр мураккаб ва амалан аз сифр таъсису ташаккул додем. Ин иқдоми тақдирсоз барои ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани амнияти миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа заминаи боэътимод гузошт.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабули барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои миллӣ, ки тавонад мардумро аз ниёзмандӣ раҳонад ва иқтисодиёти кишварро рушду тараққӣ диҳад, андешаронӣ намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, — “мо гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ ва бунёди иқтисоди рақобатнокро ҳамчун шарти муҳимми рушди иқтисодӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ муайян намудем”.

Зикр карда шуд, ки дар ин раванд, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян гардиданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши соҳибкорони боҳиммату ватандӯстро дар корҳои ободониву созандагӣ арзишманд номида, ба кулли шаҳрвандони кишвар, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи соҳибистиқлолии кишвари мо андешаронӣ карда, бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани 20 қатъномаро, ки ҳоло мавриди татбиқ қарор доранд, намунаи олии шинохти давлату миллати мо дар сайёра номиданд.

Аз ҷумла, қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 — 2036” як тасдиқи дигари саҳму талошҳои сулҳофарӣ ва ваҳдатпарварии давлати тоҷикон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ номида шуд.

Таъкид гардид, ки дар солҳои истиқлол дар кишвари мо даҳҳо ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд гардиданд, ки ба ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти мардум ва зина ба зина беҳтар шудани шароити зиндагии онҳо мусоидат карда истодааст.

Ин ҳама пешрафту ободиро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон унвон намуданд.

Пешвои миллат дар назди мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсоз, озодидӯсту ватанпараст, бонангу номус, босабру таҳаммул, бунёдкору созанда, заҳматкашу қавиирода ва қаҳрамони тоҷик сари таъзим фуруд оварда, ба ҳамаи онҳое, ки дар давраи вазнини давлатсозӣ бо Роҳбари давлат содиқона ҳамкорӣ карданд, яъне вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони кумитаву идораҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ изҳори сипос намуданд.

Иштирок дар ҷамъомад ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Театри миллӣ 08.09.2026

Сентябрь 8, 2026 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Истиқлолияти давлатӣ заминаи таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад