Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд

Сентябрь 16, 2026 09:14

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар мамлакат, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфияти инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ барои шаҳрвандони мо муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои байни ду давлат дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад.

Инчунин дастгирии молиявии лоиҳаи сохтмони бинои асосии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ», ҳамкорӣ дар доираи иқдоми муштараки кишварҳо ва ташаббуси ҷониби Корея — «Дурнамои шарикии Осиёи Марказӣ – Корея дар самти зеҳни сунъӣ, илм ва технология» ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар бахши сайёҳӣ, бахусус дар самти рушди инфрасохтори соҳа, аз мавзуъҳои муҳими мулоқоту музокироти сатҳи олӣ буд.

Зимни мулоқот ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, татбиқи барномаҳои экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ баррасӣ карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2026 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд