Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид

Сентябрь 2, 2026 14:12

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо дастовардҳо, имконоти таълимию илмӣ, инфрасохтори муосир ва самтҳои афзалиятноки рушди муассиса шинос гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар доираи боздид аз донишгоҳ Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа бо Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода мулоқот намуд. Зимни он масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд, дастгирии ташаббусҳои донишгоҳ, рушди инфрасохтори таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, рақамикунонӣ, рушди малакаҳои касбӣ, соҳибкории ҷавонон ва татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳаммияти иҷтимоию иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон ба ҳайати Фонди ОПЕК якчанд лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории донишгоҳ муаррифӣ гардиданд, ки ба таъсиси инфрасохтори муосири таълимӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ташаккули кампуси сабз, дастгирии соҳибкории ҷавонон ва такмили низоми омодасозии кадрҳо барои соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ равона шудаанд.

Доктор Абдулҳамид Алхалифа аҳаммияти сармоягузорӣ ба маориф, рушди неруи инсонӣ ва фароҳам овардани имконияти навро барои ҷавонон таъкид намуд.

Боздиди Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти таҳкими ҳамкорӣ, муаррифии имконияти нави сармоягузорӣ ва фароҳам овардани замина барои татбиқи ташаббусҳои муштарак қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2026 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд