Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»

Сентябрь 8, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ мо барои эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон силсилаи иқдомоти муассирро амалӣ намудем. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон 7 сентябр зимни суханронӣ дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд».

Сарвари давлати тоҷикон баён доштанд, ки «мо Наврӯзро ба сифати ҷашни бузурги таърихиву миллӣ ва байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати нав эҳё кардем ва густариш бахшидем. Суннатҳои бостонии Сада, Меҳргон ва Тиргонро дар фазои зиндагии маънавии ҷомеа умри дубора бахшидем. Расму ойинҳои мардумиро аз нав ба саҳнаи ҳаёти фарҳангӣ бароварда, барои пайванд додани наслҳо бо решаҳои тамаддуни худ шароити муносиб фароҳам овардем»

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҷлили ҷашнвораҳои бузурги милливу фарҳангӣ ва гиромидошти шахсиятҳои оламшумули илму адаби тоҷику форс ба самти муҳимми сиёсати фарҳангии давлат табдил дода шуд.

«Мо исбот намудем, ки миллати тоҷик ҳамчун рукни фаъол ва ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ба захираи маънавии башарият ганҷинаи пурқимати илму маърифатро ҳадя намудааст ва минбаъд низ чунин рисолати инсондӯстонаро пайгирӣ хоҳад кард», – иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки эҳёи таърихи миллат ва бозшинохти мероси маънавӣ дастоварди арзишманд ва шаҳсутуни ҳувиятсози даврони истиқлол аст.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар осори гаронбаҳои таърихиву адабӣ бо теъдоди зиёд чоп ва дар ихтиёри мардум гузошта шуд.

«Мо ин ганҷинаи бузургро ба ҳайси сарчашмаи муътабар барои тарбияи наслҳо, таҳкими ваҳдати миллӣ ва робитаҳои маънавӣ бо тоҷикону форсизабонони ҷаҳон дар хизмати ҷомеа қарор додем»,–афзуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст