Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд

Сентябрь 5, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешгирии биёбоншавӣ, ҳифзи муҳити зист ва аудити рушди устувор машварати байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи палата хабар медиҳад, дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони 20 ниҳоди олии аудити давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва давлатҳои Ховари Миёна иштирок карданд.

Дар машварат Ҷамшед Каримзода сухан намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба тағйирёбии иқлим, таназзули замин, коҳиши захираҳои об, обшавии пиряхҳо ва оқибатҳои хушкшавии баҳри Арал барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳдидҳои ҷиддии экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мебошанд, ҷалб намуд.

Таъкид гардид, ки обшавии пиряхҳо, таназзули замин ва норасоии об зарурати таҳкими тадбирҳои мутобиқшавӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табииро ба миён меоранд.

Раиси Палатаи ҳисоб аҳаммияти гузариш аз аудити анъанавии молиявӣ ба аудити натиҷавии рушди устуворро таъкид намуда, иброз намуд, ки бояд на танҳо ҳаҷми маблағҳои харҷшуда, балки таъсири воқеии барномаҳои экологӣ ба муҳити зист ва зиндагии аҳолӣ арзёбӣ шавад.

Ҳамзамон дар чорабинӣ зарурати истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла маълумоти моҳворавӣ, системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ ва зондкунии фосилавии Замин, барои баланд бардоштани самаранокии аудити экологӣ таъкид гардид.

Дар фарҷом ба таҳкими ҳамкории мақомоти олии аудити кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла гузаронидани аудитҳои муштарак, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии методологияҳои аудити экологӣ зарур ва саривақтӣ шуморида шуд.

Изҳор гардид, ки ҳамкории минтақавӣ барои ҳифзи захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ аҳаммияти муҳим ва калидӣ дорад.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд