«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Сентябрь 2, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди ҳуқуқи инсон дар 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон» конференсияи байналмилалӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Дар конференсия масъалаҳо оид ба нақши Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккули низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, такмили қонунгузорӣ, таҳкими фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул ва рушди низоми миллии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон заминаи устувор фароҳам овард. Дар ин замина ислоҳоти пайвастаи ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории миллӣ амалӣ карда шуд. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардида, барои таҳкими фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Зимни конференсия инчунин китоби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳти унвони «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар даврони 35 соли соҳибистиқлолӣ» рӯнамоӣ гардид.

Дар китоб масъалаҳои марбут ба ташаккул ва таҳаввули низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, дастовардҳои кишвар дар самти таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ инъикос ёфтаанд. Ҳамзамон масъалаҳои таъмини баробарӣ ва пешгирии ҳама гуна табъиз, ҳифзи давлатии ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва соҳибкорон, инчунин нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими ҳуқуқҳои кӯдак баррасӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки ин китоб барои ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагоне, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ доранд, тавсия дода мешавад.

Баргузории конференсия қадами муҳим дар самти омӯзиш ва таҳлили дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва бозгӯйӣ намудани нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад.

АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд