Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон Солим ибни Носир ибни Саид Ал-Авфӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди маъдан, инчунин имкониятҳои истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда барои густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Умон ба ҳисоб рафта, дорои имкониятҳои васеъ барои татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак мебошад. Дар ин замина, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои ҷалби сармоягузории Умон ба лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Дар суҳбат ҳамчунин таваҷҷуҳи махсус ба рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон ва имкониятҳои иштироки ширкатҳо ва сармоягузорони Умон дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти стратегӣ зоҳир гардид.
Изҳор шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, истифодаи самараноки ин иқтидорҳо метавонад барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаи табодули таҷриба ва донишҳои соҳавӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафта ва истифодаи технологияҳои муосирро дар соҳаҳои энергетика ва истихроҷи маъдан муҳим арзёбӣ карданд.
Дар ин робита, зарурати таҳкими робитаҳо байни сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои соҳавӣ ва доираҳои соҳибкории ду мамлакат таъкид гардид.
Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистонро дар самти истифодаи захираҳои табиии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои истихроҷию коркарди маъдан баррасӣ намуда, ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда дар ин самтро мувофиқи мақсад донистанд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки баргузории вохӯриҳои мунтазам байни намояндагони мақомоти дахлдор ва ширкатҳои соҳавии Тоҷикистону Умон метавонад барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои сармоягузории мутақобила мусоидат намояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






