Санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус «Барномаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2027–2028» дар вазъияти тантанавӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин Агентӣ иттилоъ доданд, санад 16 сентябр зимни иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.
Дар ин рӯз вохӯрии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Гора Дмитрий доир гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷониби беларусӣ маротибаи сеюм санади ҳамкорӣ ба тасвиб расонид. Барномаи имзошуда идомаи ҳамкории мутақобили судманди мақомоти зиддикоррупсионии ҳар ду давлат мебошад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, тақвияти робитаи дуҷониба дар самти ошкор ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, табодули маълумот ва таҷрибаҳои муосир, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






