Сармоягузорони Узбекистон бо иқтидори истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ сармоягузорон аз Ҷумҳурии Узбекистон бо имконоти сармоягузорӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва шароити фаъолияти соҳибкории Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин минтақа.
Зимни мулоқоти роҳбарияти минтақа бо меҳмонон масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба истифодаи самараноки имконоти мавҷудаи минтақа ва ба роҳ мондани ташаббусҳои нави соҳибкорӣ табодули афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчун ҷумҳуриҳои ҳамсоя, дӯст ва бародар дорои робитаҳои таърихию фарҳангии муштарак буда, рушди ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Маъмурияти минтақа ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, рушди истеҳсолоти саноатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ тадбирҳои пайваста меандешад.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






