Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид

Сентябрь 17, 2026 16:45

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар самти содирот имрӯз дар шаҳри Сеул зимни мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) хонум Мисс Ёнг-Ах-Дох мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот хабар доданд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз намуд, ки Тоҷикистон имконияти зиёд дорад содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ ва мавсимӣ, ангур, себ, афшураҳои мева, асал, чормағз, меваи хушк ва маҳсулоти саноатӣ, бахусус нахи пахта, алюминий ва дигар намуди маҳсулотро ба Ҷумҳурии Корея содирот намояд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаи ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея барои сохта, ба истифода додани маркази агрологистикӣ дар ҷумҳурӣ муҳокима гардид. Таъкид шуд, ки бунёди чунин марказҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти хушсифат ва мутобиқ ба стандартҳои кореягӣ бандубаст карда шуда, бо нархҳои барои ҳарду ҷониб мусоид ба бозорҳои Корея ва бозорҳои сеюм содирот гардад.

Дар анҷоми мулоқот хонум Мисс Ёнг-Ах-Дох барои густариши ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2026 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад