Сокинони шаҳри Норак ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳ таҷлил намуданд
НОРАК, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар майдони марказии шаҳри Норак ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш меҳмонон бо намоиши дастовардҳои шаҳри Норак дар даврони соҳибистиқлолӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти ҳунармандони шаҳр шинос шуданд.
Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва сарчашмаи рушди минбаъдаи мамлакат ба ҳисоб рафта, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Махсусан бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои бузурги созандагию ободонӣ амалӣ гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ташаббускор мавқеи арзанда пайдо намуд.
Шаҳри Норак дар даврони соҳибистиқлолӣ ба пешравиҳои назаррас сазовор гардида, дар самти ободонӣ, рушди инфрасохтор, бунёду навсозии иншооти иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Дар ҳамоиш як зумра кормандон ва фаъолони шаҳр бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






