Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад

Сентябрь 27, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2027 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин хусус зимни ҷаласаи 48-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин, ки 16-17 сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар ҷаласаи 48-уми шуро роҳбарон ва намояндагони мақомоти соҳавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи иттиҳод иштирок намуданд.  Аз Тоҷикистон дар ин ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва кормандони кумита иштирок намуданд.

Масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблӣ, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар давраи байниҷаласавӣ, рушди инфрасохтори маълумоти фазоӣ, ташаккули Геопортали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мубодилаи маълумоти геофазоӣ ва татбиқи технологияҳои муосири геоиттилоотӣ дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои геодезия, харитасозӣ, кадастр ва зондкунии фосилавии Замин муҳокима гардида, аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад