СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки осорашон аз доираи адабиёт берун рафта, ба бахше аз хотираи умумимиллӣ табдил меёбад. Устод Сотим Улуғзода аз зумраи чунин фарзонафарзандон буд. Адиб бо қалами худ ба таърих, рӯзгори чеҳраҳои бузурги илму адаб ва сарнавишти фарзандони муборизи миллат рӯ овард ва кӯшид, ки онҳоро барои наслҳои баъдӣ зиндаву шинохта нигоҳ дорад.
— Мавзуи таърих дар эҷодиёти устод Улуғзода тасодуфӣ набуд. Нависандаи хушбаён хуб дарк мекард, ки шинохти гузашта барои худшиносии миллат аҳаммияти бузург дорад. Аз ҳамин ҷост, ки дар асарҳои ӯ чеҳраҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Аҳмади Дониш, Восеъ ва Темурмалик ба воситаи сухани нависанда ба хонандагони замони мо наздик шуданд.
Сотим Улуғзода дар ин роҳ идомадиҳандаи мактаби устод Садриддин Айнӣ буд. Агар устод Айнӣ барои барқарор кардани хотираи таърихии тоҷикон дар адабиёти навини тоҷик замина гузошт, устод Улуғзода ин равандро бо осори бадеии худ идома дод. «Қисмати шоир», «Ривояти суғдӣ», «Восеъ», «Фирдавсӣ» ва дигар асарҳои ӯ дар ташаккули тасаввури чандин насли хонандагон дар бораи гузашта ва шахсиятҳои бузурги миллӣ нақши назаррас гузоштанд.
Аммо сарнавишти худи нависанда низ як бахши муҳими таърихи адабиёти мост.
Сотим Улуғзода солҳои охири умрашро дар шаҳри Маскав гузаронд. Беморӣ, дурӣ аз Ватан ва танҳоӣ рӯзҳои пирии ӯро сангин карда буданд. Бо вуҷуди ин, номи ӯ дар Тоҷикистон аз ёдҳо нарафт. Дар ҳамин ҷо муносибати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсияти Сотим Улуғзода аҳаммияти хос пайдо мекунад.
Соли 1995, ҳангоми сафар ба Маскав Президенти Тоҷикистон ба манзили Сотим Улуғзода рафта, аз ҳоли адиби бемор хабар гирифтанд. Барои як нависандаи солхӯрдае, ки солҳои охири умрашро дур аз Ватан сипарӣ мекард, чунин дидор танҳо як мулоқоти расмӣ набуда, эҳтиром ба инсон ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба мақоми ӯ дар фарҳанги миллӣ буд.
Дар китоби профессор Усмонҷон Ғаффоров «Сотим Улуғзода» аз ин дидор хотираҳои ҷолиб оварда шудаанд. Аз ҷумла, ҳангоми суҳбат бо писари нависанда — Зариф Пешвои миллат аз таҷрибаи шахсии худ ёд карда, вазъи ӯро дарк карданашро баён менамоянд ва зарурати нигоҳубини падари беморро таъкид мекунанд.Ин муносибат як ҷанбаи муҳими сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллатро нишон медиҳад, ки қадршиносии аҳли адаб танҳо бо унвону ҷоиза маҳдуд намешавад. Балки дар паси он таваҷҷуҳ ба худи инсон, ба заҳматҳои ӯ ва ба ҷойгоҳи ӯ дар таърихи маънавии миллат низ меистад.
Қадршиносии Сотим Улуғзода баъд аз ин дидор низ идома меёбад.25 июни соли 1997 адиб дар Маскав аз олам даргузашт. Дар чунин лаҳза масъалаи ба Ватан овардани ҷасади ӯ ба миён меояд. Дар китоби болозикр ҳамчунин изҳор карда мешавад, ки Президенти Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки мехоҳанд Сотим Улуғзода дар Душанбе ба хок супурда шавад ва хароҷоти маросимро давлат ба зимма мегирад.
Ва бо супориши махсуси Пешвои миллат ҷасади адиб ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуда, дар Ватан ба хок супурда мешавад. Ин иқдомро метавон яке аз намунаҳои барҷастаи муносибати дурандешонаи Пешвои миллат ба мероси маънавӣ ва шахсиятҳои фарҳангии миллат донист.
Қадршиносии Сотим Улуғзода аз ҷониби Пешвои муаззами миллат баъдан низ идома ёфт.
27 ноябри соли 2002 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сотим Улуғзода барои хизматҳои бузург дар рушди фарҳанг, инъикоси бадеии таърихи халқи тоҷик, ташаккули худшиносии миллӣ, афзудани неруи маънавӣ ва зеҳнии миллат ва иштироки пурсамар дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.
Тавре аз матни фармон бармеояд, аҳамияти осори устод Сотим Улуғзода дар доираи адабиёт маҳдуд намонда, ҳамчун ҷузъи мероси маънавии миллат эътироф гардид.
Ин гуна муносибат ба шахсиятҳои бузурги илму адаб яке аз хусусияти муҳими даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва иқдомҳояшон борҳо ба масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба донишмандону адибон ва муаррифии чеҳраҳои барҷастаи миллат таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Хосатан, таълифи китоби пурарзиш бо номи “Чеҳраҳои мондагор” ва дар қатори дигар бузургони миллат дар бораи нақш ва хизматҳои Сотим Улуғзода изҳори назар кардани Пешвои миллат низ аз ҷойгоҳ ва мақоми адиб дар адабиёту таърихи халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Пешвои миллат барҳақ иброз намудаанд, ки «Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид».
Дар баробари ин бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Сотим Улуғзода гузоштани Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон низ нишони олии қадршиносии шахсияти нависанда, арзи сипоси мардум ва заҳматҳои беназири ӯ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик мебошад.
Таҷлили 115-солагии устод Сотим Улуғзода фурсати муносибест барои бозгашт ба осори ӯ ва дар баробари ин, дидани як ҷанбаи муҳимми сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, ки ба эҳтироми бузургони миллат ва пос доштани номи онҳо нигаронида шудааст.
Агар Сотим Улуғзода таърихи миллатро ба адабиёт оварда бошад, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат ба ҳифзи номи ин адиб ва ҷойгоҳи ӯ дар фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Бешак, ин ду раванд ба нигоҳ доштани хотираи миллат ва расонидани он ба наслҳои оянда хизмат мекунанд.
Зуҳриддин УМАРОВ,
муаллими калони кафедраи журналистика ва иттилооти рақамии
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,
номзади илмҳои филологӣ








Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд






