ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини бехатарии саноатӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар заминаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ фаъолият карда, бо истифода аз усулҳои муосири назорат, рақамикунонии хизматрасониҳо, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар таъмини бехатарии саноатӣ ва рушди устувори соҳа саҳм мегузорад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Ардашер Мирзозода оид ба дастовардҳои ин ниҳод дар замони соҳибистиқлолӣ суҳбат намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
АМИТ «Ховар»: Салоҳияти Хадамот аз таъмини бехатарии саноатӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатии шаҳрвандон ва истифодаи оқилонаи захираҳои зеризаминӣ иборат аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ва рушди соҳаи саноат масъулияти Хадамот боз ҳам меафзояд. Дар ин хусус чӣ андеша доред?
Ардашер Мирзозода: Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин давраи сарнавиштсоз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо аз марҳилаи душвори ибтидоӣ ба марҳилаи созандагӣ, бунёдкорӣ ва саноатикунонии босуръат ворид гардид.
Яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатӣ, ки ояндаи иқтисодиёти миллиро муайян месозад, саноатикунонии босуръат мебошад, ки ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон гардидааст. Татбиқи ин ҳадафи бузург бевосита ба масъалаҳои таъмини бехатарии саноатӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон ва истифодаи оқилонаву самараноки сарватҳои зеризаминӣ иртибот дорад.
Дар ин раванд Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ рисолати муҳимро ба уҳда дорад. Фаъолияти Хадамот ба он равона шудааст, ки рушди соҳаҳои саноатӣ дар заминаи риояи қатъии талаботи бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва истифодаи оқилонаи қаъри замин амалӣ гардад.
Таърихи ташаккули ин ниҳод аз соли 1958 оғоз ёфта, дар давраҳои минбаъда сохтори он якчанд маротиба мавриди таҷдид қарор гирифт. Аз ҷумла, солҳои 1982, 1992, 1994, 2006 ва 2008 дар сохтор ва низоми фаъолияти он тағйироти муҳим ба амал омаданд. Ниҳоят, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 сохтори муосир ва мустақили Хадамот таъсис дода шуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо сохтори идоракунӣ ва заминаи меъёрию ҳуқуқии Хадамот такмил ёфт, балки инфрасохтори он низ ба таври назаррас беҳтар гардид. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2013 дар вилояти Суғд бинои наву замонавии маъмурии нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ин иқдом ба беҳтар намудани шароити фаъолияти нозирон ва тақвияти назорати давлатӣ дар минтақа мусоидат намуд.
АМИТ «Ховар»: Нақши Хадамотро дар иншооти муҳиму бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти назорати риояи қоидаву меъёрҳои бехатарӣ ва ташкили назорати мунтазами бехатарии саноатӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Ардашер Мирзозода: Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо бузургтарин иншооти гидроэнергетикии кишвар, балки таҷассумгари иродаи қавӣ, созандагӣ ва азму талошҳои миллати соҳибистиқлоли тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин иншооти бузурги аср ҳамчун рамзи воқеии истиқлоли давлатӣ, неруи созандаи миллат ва яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи навини Тоҷикистони азиз мақоми хосса дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Хадамот бо дарки масъулияти баланди давлатӣ ва аҳаммияти стратегии Неругоҳи барқи обии «Роғун» назорати давлатии бехатарии саноатиро дар ин иншооти бузург пайваста ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, риояи қатъии талаботи қоидаву меъёрҳои бехатариро дар тамоми марҳилаҳои корҳои сохтмонӣ таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Ин равиши масъулиятнок ба ҳифзи ҳаёту саломатии кормандон, пешгирии омилҳои хавфнок ва таъмини бехатарии раванди сохтмони ин иншооти муҳими миллӣ мусоидат менамояд.
Дар асоси Низомномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидори Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хадамот роҳбарии бевоситаи Гурӯҳи назорати техникаи бехатариро ба уҳда дошта, дар доираи ваколатҳои муқарраргардида риояи талаботу қоидаҳои бехатарӣ ва ба таври дахлдор ба роҳ мондани корҳои сохтмониро дар тамоми майдончаҳои сохтмонии неругоҳ зери назорати доимӣ қарор медиҳад.
Марҳилаи муҳим дар ин самт супориши қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» 14 октябри соли 2020 ба ҳисоб меравад. Бо мақсади иҷрои ин супориш, аз 1 декабри соли 2020 назорати техникӣ дар иншооти мазкур бо реҷаи шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани назорати мунтазам ва бефосила сатҳи садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш дар майдонҳои сохтмонӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт.
АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол дар самти ҳамкории байналмилалӣ оид ба бехатарии саноатӣ ба чӣ дастовардҳо ноил гардид?
Ардашер Мирзозода: Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро ҳамчун давлати ташаббускор ва иштирокчии фаъоли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ пайваста таҳким бахшида, ба субъекти эътирофшудаи муносибатҳои байналмилалии соҳавӣ табдил ёфт. Дар ин раванд Хадамот низ ҳамкории байналмилалиро пайваста густариш дода, имрӯз дар доираи ҳафт санади муҳими байналмилалӣ бо Федератсияи Русия, Узбекистон, Туркманистон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолияти густурда ва ҳадафмандона ба роҳ мондааст.
Ҳамкории байналмилалӣ дар самти такмили низоми бехатарии саноатӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Хадамот аҳаммияти муҳим дорад. Хадамот дар доираи санадҳои байналмилалии баимзорасида бо мақомоти соҳавии кишварҳои шарик ҳамкории судманд ба роҳ монда, таҷрибаи пешқадамро дар самтҳои пешгирӣ ва мониторинги хавфҳои саноатӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулода, такмили механизмҳои назорати давлатӣ ва истифодаи технологияҳои муосир меомӯзад ва дар амалияи ватанӣ татбиқ менамояд.
Яке аз самтҳои муҳими ин ҳамкорӣ баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони Хадамот мебошад. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 20 корманди Хадамот дар даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ иштирок намуда, донишу малакаи касбияшонро такмил доданд. Ин ҳамкорӣ барои омӯзиши таҷрибаи муосири Чин дар самти пешгирӣ, мониторинг ва идоракунии ҳолатҳои фавқулода, инчунин истифодаи технологияҳои навини назорат имконият фароҳам оварда, ба такмили минбаъдаи фаъолияти назоратии Хадамот мусоидат намуд.
Қадами муҳими дигар дар таҳкими ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ пайвастани кишвар ба Конвенсияи СММ оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ дар соли 2025 мебошад. Пайвастан ба ин санади муҳими байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, пешгирии хавфҳои фаромарзии саноатӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти кишвар дар самти таъмини бехатарии саноатӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар ин самт боз ҳам таҳким бахшид.
АМИТ «Ховар»: Хадамот дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳаи бехатарии саноатӣ дар ин давра чӣ иқдомҳои муҳимро амалӣ намудааст?
Ардашер Мирзозода: Хадамот дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди иқтисоди рақамӣ ба раванди рақамикунонии хизматрасониҳо ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ гузаштааст. Аз ҷумла, Хадамот ба портали хизматрасониҳои давлатӣ пайваст шуда, гардиши ҳуҷҷатҳо тавассути низоми ягонаи электронии ҳуҷҷатгузорӣ бо истифода аз имзои электронӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон пардохти хизматрасониҳои давлатӣ, ҷаримаҳо ва боҷҳои давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ тавассути QR-рамзҳо ва POS-терминалҳо амалӣ мегардад. Дар самти такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ низ зиёда аз 50 санади соҳавӣ таҳия ва қабул гардида, барои баланд бардоштани маърифати бехатарӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мунтазам бюллетенҳои иттилоотӣ ва машваратҳои сайёр баргузор карда мешаванд.
Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ ва таҳкими минбаъдаи фаъолияти Хадамот бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026 ба Низомнома ва сохтори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ тағйиру иловаҳои муҳим ворид карда шуданд. Мутобиқи қарори мазкур ва бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди рақамикунонии фаъолияти соҳавӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими робита бо ҷомеа дар сохтори дастгоҳи марказии Хадамот шуъбаи махсуси «Технологияҳои рақамӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ» таъсис дода шуд.
Таъсиси ин сохтори нав қадами муҳим дар роҳи мутобиқ намудани фаъолияти Хадамот ба талаботи замони муосир ба ҳисоб рафта, барои татбиқи босифати технологияҳои рақамӣ, такмили низоми мубодилаи иттилоот, таҳкими робитаҳои корӣ бо шарикони дохиливу хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи иттилоърасонии ҷомеа имконияти бештар фароҳам меорад. Бо назардошти рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ, фаъолияти шуъбаи мазкур ба баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти Хадамот, такмили механизмҳои назорати давлатӣ ва таҳкими нуфузи соҳавии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
АМИТ «Ховар»: Хадамот дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна саҳм гузошт?
Ардашер Мирзозода: Хадамот дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи сиёсати созандаи давлат низ иштироки фаъолона дорад. Ин иқдомҳо, пеш аз ҳама, ба арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва омодагии сазовор ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд. Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Душанбе 3 майдончаи муосири варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар доираи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳбарияти Хадамот дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Сардори Хадамот ҳамчун роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Айнӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони ватандӯст ва фаъолони ҷомеа ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Татбиқи чунин иқдом дар доираи омодагӣ ба ин ҷашни фархунда на танҳо ба ободонии маҳал ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ мусоидат менамояд, балки таҷассумгари саҳми ҳар сохтор дар таҳкими дастовардҳои истиқлол ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар шаҳрванди кишвар фурсати муносибест, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро қадр намуда, бо корҳои созандагиву ободонӣ дар пешрафти Ватан саҳм гузорад. Хадамот низ бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ дар ин раванди муҳим фаъолона иштирок намуда, тамоми имкониятро барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ равона намудааст.
Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






