То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад

Сентябрь 2, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 27+29 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 2, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд