Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад

Сентябрь 5, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агар истиқлолияти сиёсӣ соҳибихтиёрии давлатро дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ таъмин намояд, пас низоми қонунгузории миллӣ воситаи асосии ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил додани ин соҳибихтиёрӣ мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон якчанд қонунҳои махсус ва миллӣ ба тавсиб расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 декабри соли 1992 таъкид доштанд, ки «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст». Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд, ки ба беҳбуди вазъи некуаҳволии мардум ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳо мусоидат менамоянд. Қабули ин қонунҳои миллӣ дар собиқаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ шабеҳ надорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8 июни соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид.

Қабули ин қонун дар таърихи қонунгузории на танҳо мамлакати мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ тадбири воқеан беназир мебошад. Таҷрибаи солҳои охир собит намуд, ки риояи ин қонуни миллӣ на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намуна гардид.

Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат ба андозаи чашмрас осон гардид. Барои мисол, соли 2025 теъдоди маъракаҳо нисбатан коҳиш ёфта, ошкоршавии қонунвайронкунӣ афзоиш ёфт. Аз ҷумла, тӯйҳои домодиву арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   3274 адад кам, маросими чил 320 адад кам ва маросими сол 264 адад кам ба қайд гирифта шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан дар танзими анъанаю ойинҳои мухталифи ҷамъиятӣ, аз ҷумла тӯй, маросими дафн ва дигар чорабиниҳои муҳим бо мақсади пешгирӣ намудани хароҷоти зиёдатӣ ва муташаккилона гузаронидани расму таомул қадами муҳим гардид. Ин қонун тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Як бахши муҳимми ин қонун ворид кардани муқаррароте буд, ки ба коҳиши сарбории молии оилаҳо, ҳамчунин талош барои маҳдуд кардани ҷашну маросими «дабдабанок»-и намоишӣ, ки сабаби уҳдадориҳои қарзӣ ва ташаннуҷи иҷтимоӣ мешуданд, равона гардида буд.

Бояд гуфт, ки ҳар қонуне, ки ба тасвиб мерасад, ба беҳбудӣ ва рушди иҷтимоии давлат равона мегардад. Аз рӯи меъёрҳои қонун амал намудан ҳангоми иду ҷашнҳо ҳам ба фоидаи хонавода ва ҳам давлат аст. Зеро маҳз бо татбиқи амали санҷидашуда метавон роҳи дурусти зиндагиро пеш бурд ва бар нафъи худу ҷомеа кор намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»  2 августи соли 2011 қабул шуда буд ва соли 2024 бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ва тағйири ном ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав ба тавсиб расид.

Қабул шудани қонуни мазкур яке аз муассиртарин роҳ барои таълиму тарбияи шоистаи насли наврас мебошад. Мувофиқи талаботи моддаи 10-и қонуни мазкур, акнун дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулияти таълим ва тарбияи кӯдак дар қатори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамчунин вазоратҳои адлия,  корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  мудофиа,  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳо  оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,  кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио,  дин, танзими анъана ва ҷашну маросим низ иштирок мекунанд.

Тавре аз қонуни нав бармеояд, акнун дар баробари падару модар, мактабу омӯзгор, аҳли ҷомеа,  ҳамчунин вазорату кумитаҳои Ҳукумати мамлакат дар самти таълим ва тарбияи кӯдак масъул ҳастанд. Мебояд эътироф кард, ки қонунан ҷалб кардани сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таълим ва тарбияи кӯдак иқдоми таърихан бемонанд аст.

Таҳия ва қабул гардидани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Ин аз як тараф воқебинона нигоҳ кардан ба мушкилот, яъне эътироф ва иқрор кардани мушкилот дар самти таълиму тарбия бошад, аз ҷониби дигар, бо масъулият муносибат кардани Ҳукумати мамлакатро ба мушкилоти мавҷуда собит менамояд.

Акнун таълим ва тарбияи кӯдак танҳо ба зиммаи  падару модар нест, балки ҳам ҷомеа, ҳам мактабу маориф, ҳам мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор ҳастанд, ки дар тарбияи насли наврас саҳм гузоранд. Ҳамон тавре ки Ватанро сарҷамъона обод мекунем, фарзандонро низ тибқи анъанаҳои неки гузаштагон тарбия мекунему таълим медиҳем. Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо фарҳанги ҳазорсолаи худ, яъне эҳтироми падару модар, ҳурмати калонсолон, арҷ гузоштан ба некиву накукорӣ, бо ахлоқи ҳамида ва рафтори шоистаи инсонӣ ворид мешавем.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 5, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд