Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд

Сентябрь 15, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омӯзиш ва такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон, омода намудани омӯзгорони миллӣ, баргузории машқҳои муштарак, таҷҳизонидани гурӯҳҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ бо Сафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон баррасӣ шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, дар вохӯрӣ инчунин ҷонибҳо масъалаи таҳия ва ба имзо расонидани санади нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муҳокима намуданд.

Ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори воҳидҳои наҷотдиҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ, харитасозии хавфҳо, воситаҳои ҳавопаймоии бесарнишин, мониторинги фосилавӣ ва рушди низомҳои огоҳсозии бармаҳал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид