Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият мебахшанд. Ин масъала зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба ва тақвияти робитаҳо байни низомҳои бонкию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкории мустақим байни низомҳои бонкии ду кишвар, рушди муносибатҳои муросилотӣ баён намуда, аҳаммияти мубодилаи таҷриба ва дониш дар самтҳои муосири фаъолияти низоми молиявӣ, аз ҷумла рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, амнияти киберӣ, комплаенс ва истифодаи зеҳни сунъиро дар бахши бонкӣ таъкид карданд.
Дар идома раиси Бонки миллӣ ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди минбаъдаи бахши суғурта ва омӯзиши таҷрибаи Давлати Кувайт дар ин самт изҳор намуд. Инчунин, бо назардошти таҷрибаи Давлати Кувайт дар соҳаи молияи исломӣ ба густариши ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти бонкдории исломӣ баён карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд байни низомҳои молиявию бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт изҳор намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






